11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Демократия низоми куфр нест

Порае аз китоби яке аз муассисони ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода «Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест”, Душанбе, с. 2008

«Бадтарин пешвоёни шумо онҳое мебошанд, ки онҳоро бад мебинед ва онҳо шуморо бад мебинанд. Шумо онҳоро лаънат мекунед ва онҳо шуморо лаънат мекунанд”

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ҷаҳони муосир бештари кишварҳо пайравӣ аз ҳамин низоми давлатдорӣ ва кӯшиш мекунанд, мабдаъҳоеро, ки мафҳуми демократия дар он асос меёбад, дар ҷомеаи худ татбиқ намоянд. То кадом андоза онҳо дар татбиқи он муваффақанд, ин баҳси алоҳида аст, вале ҳамин нукта қобили дарк аст, ки дар ҷаҳони имрӯз кишваре нест, ки аз иддаои пайравӣ аз мабдаъҳои ин сохт канораҷӯйӣ намояд. Ҳатто бархе аз давлатҳои авторитариву олигархӣ низ даъвои пайравӣ аз демократияро доранд…

Бояд таъкид кард, ки дар доираҳои маҳдуди динии кишварҳои шарқи исломӣ андешаҳое гуфта мешаванд, ки гӯё назарияи демократия бо Ислом ва таълимоти он мухолафат дорад. Зиддияти ин гурӯҳҳо бештар дар маънои луғавии он, ки аз ду решаи юнонии (demos – халқ, kratos -ҳокимият) таркиб ёфта, маънои ҳокимияти халқро ифода мекунад, мебошад. Агарчи шояд таърифи ин назария ба ақидаи бархеҳо созгор нест, вале меъёру мабдаъҳое, ки ин назария дар асоси он бино шудааст, мухолафат бо таълимот ва дастуроти Ислом ё низоми исломӣ надоранд. Мутаассифона, бо дарки нодурусти таърифи ин назария онҳо шариати исломиро бо он муқобили ҳам қарор дода, исбот карданӣ мешаванд, ки ҷонибдорӣ аз ин назария барои мусалмон «куфр” аст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки худи ин таъриф дорои ҳолатҳои зиёди зидду нақиз аст. Зеро агар «ҳокимияти халқ” гуфта шавад, пас ин маънои «худидоракунии халқ”-ро дорад. Он ҳукумронии сиёсӣ, дастгоҳи махсуси маҳдуд сохтан ва унсурҳои дигари давлатро рад мекунад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳокимияти комили халқӣ якҷо бо давлат ва демократия, ки яке аз шаклҳои он аст, мавҷуд буда наметавонад. Бинобар ин «ҳокимияти халқ” аслан як ибора ё мафҳуми ормонӣ буда, танҳо аҳамияти меъёрӣ дорад. Ҳангоме ки аслҳои назарияи демократия шарҳ дода мешаванд, дар навбати худ онҳо танҳо меъёрҳое ҳастанд, ки дар ҷомеаи демократӣ бояд риоя карда шаванд. Истифода аз шиорҳои демократӣ ва таблиғ кардани онҳо кифояткунанда нест, вақте ки низомҳо ва қудратҳои ҳоким руҳи демократияро буғӣ карда, озодандешону мухолифини худро бо баҳонаҳои бофтаву сохта равонаи зиндон мекунанд.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Дар дини мубини Ислом вақте ин аслҳо бо асос ва рӯйдодҳои таърихӣ мавриди муқояса қарор мегирад, касе далеле барои мухолафат доштани он бо шариати исломӣ надорад. Дифоъ аз арзишҳои демократӣ муҷиби инкори ҳокимияти Худо болои башар нест. Онҳое ки пуштибонӣ ва даъват ба низоми демократӣ мекунанд, боре ҳам дар қалби онҳо ин фикр (инкор ва адами эътирофи ҳокимияти Худо болои башар) намегузарад. Он чи ки мехоҳанд, адами қаблуи султаи диктаторӣ ва ҳукми истибдодӣ болои мардум аст. Мехоҳанд мардум ҳокимони худро ба таври дилзоҳ ихтиёр кунанд. Амалу тасарруфоти онҳоро муроқабату муҳосаба намоянд. Қарору фармонҳоеро, ки бо қонуну дастури миллат (ба таъбири исломӣ ҳаргоҳ мардумро ба маъсият амр кунанд) мухолфи аст, иҷро накунанд. Инчунин барои мардум ҳаққи барканор кардани ҳокимон собит бошад, агар онҳо зулму инҳироф пеша кунанд ва насиҳату ҳушдорро напазиранд. Мусалмононба ин хотирҷонибдорӣ аз низоми демократӣ мекунанд, ки он шакле аз ашколи ҳукмравоӣ аст, ки асосҳои сиёсии Исломро дар ихтиёр кардани ҳоким, эътирофи шӯро, насиҳат, амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар, муқобала бо зулм, инкори маъсият ва қонуншиканиро ифода ва таҷассум мекунад. Аз даъват кардан ба сӯи демократия чунин барнамеояд, ки ҳокимияти мардум ҷойгузини ҳокимияти Аллоҳ (ҷ) карда шавад, балки байни ҳокимияти мардум ва ҳокимияти Аллоҳ (ҷ) таноқузе нест, агар чунин эътиқод дар мусалмонон росиху қавӣ бошад, ки ҳар қонун ва низоме ки мухолифи қатъиёти шаръ бошад, он ботил ва ғайри қобили қабул аст.

Ҷавҳари демократия (берун аз таърифу истилоҳи академӣ) ихтиёр кардани ҳокимон ва сиёсатмадорон аз ҷониби мардум аст ва ин ки болои онҳо ҳоким ва низомеро, ки намехоҳанд, таҳмил карда нашавад. Дигар ин ки мардум ҳокимонро агар хато кунанд, ҳаққи пурсидан, муҳосаба кардан ва барканор кардан дошта бошанд. Ҳамчунин мардумро ба тарафи равишҳо ва маслакҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсие, ки мақбулашон нест, ба таври иҷборӣ бурда нашавад. Пас оё демократия, ки ҷавҳараш ҳамин аст, бо Ислом мухолафат ва муғоярат дорад? Ин мухолафат аз куҷо сарчашма мегирад? Кадом далели қатъӣ аз Китобу Суннат бар ин даъво далолат мекунад? Воқеан, касе ки дар ҷавҳари демократия тафаккур мекунад, онро мувофиқ ва мутобиқ бо самими Ислом меёбад. Дар намоз шахсе мардумро имоматӣ кунад, ки ӯро хоҳиш надоранд ва аз рафтори ӯ розӣ нестанд, Ислом инро инкор мекунад. Дар ҳадис омадааст: «намози се гурӯҳ аз болои сарашон як ваҷаб боло намеравад… ва аввалини онҳо марде, ки имоматӣ кунад қавмеро ки онҳо аз ӯ норозиянд…”. Ва ҳаргоҳ дар намоз ҳукм ин аст, пас дар умури зиндагӣ ва сиёсӣ кор …. чӣ гуна аст? Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: «Беҳтарин пешвоёни (ҳокимон) шумо касоне ҳастанд, ки шумо онҳоро дӯст медоред ва онҳо шуморо дӯст медоранд. Дар ҳаққи онҳо дуъо мекунед ва онҳо дар ҳаққи шумо дуо мекунанд. Бадтарин пешвоёни шумо онҳое мебошанд, ки онҳоро бад мебинед ва онҳо шуморо бад мебинанд. Шумо онҳоро лаънат мекунед ва онҳо шуморо лаънат мекунанд”.

Шавоҳиди таърихии интихоби хулафои рошидин ва ширкати бевоситаи саҳобаи киром (р) дар интихоби онҳо далеле возеҳест алайҳи онҳое, ки ин аслҳоро мухолиф ба шариъати исломӣ медонанд. Гузашта аз ин, Ислом ва таълимоти он интихоби халифаро танҳо баъди байъат ва ё тааҳҳуди саҳоба бо халифа ҷоиз медонистанд. Дар ғайри сурат халифа будани онҳо зери суол қарор дода мешуд. Дар баробари ин хулафо дар назди атрофиёни худ масъулият бар дӯш доштанд. Суханрониҳои ҳазрати Абубакр (р), баъди интихоб шудан ба ҳайси халифаи Расули Худо (с) далели дигаре масъул будани хулафо дар назди мусалмонон аст. Суоли ҳазрати Умар (р) аз саҳоба баъди байъат ва посухи саҳобаи киром ба ҳазрати Умар (р), ки ҳар вақте каҷие дар ту дидем, туро бо ин шамшер рост хоҳем кард, ин ҳама шавоҳиди таърихӣ нишонгари он аст, ки аслҳои боло аз Ислом мустасно нестанд. Ҳуқуқи раъй додан, эҳтироми раъй, итоати ақаллият аз аксарият ҳангоми қабули қарор низ аз таълимоти ноби исломӣ ба шумо мераванд. Барои ҳамин ба гурӯҳҳои муайяни диние, ки ин аслҳоро инкор мекунанд, суоле дода мешавад, ки ой вақте мардуми мусалмон дар интихоби раҳбар, ҳукумат ва намояндагонаш дар мақомоти давлатӣ ширкат кунад, оё ин куфр аст?

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *