Рубрики Хабарҳо

Дар Хуҷанд мехоҳанд боғҳои мардумро хароб кунанд

Фаъоли тоҷик Бахтиёр Сатторӣ хабар дод, ки дар Хуҷанд мехоҳанд боғчаҳои шаҳрвандонро дар кӯчаи Ҷ.Румӣ вайрон кунанд.

«Кӯчаи Румӣ, ки волидони ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунанд, боғчаҳои сарсабз дорад. Чунин маконҳо сарсабз дар ин минтақа ҳамагӣ чортост.

Падари ман, ки 81 сол дорад, беш аз 30 сол боз дар ин ҷо дарахтони гуногун – ангур, шафтору, анҷир мешинод ва ҳамон ҷо истироҳат мекунад. Ҳамин тавр, ҳамсояҳо ҳам ҳар бегоҳ дар боғчаҳои худ дам мегиранд. Ин ба як шеваи зиндагии онҳо табдил ёфтааст: ҳама ҷо сабз, мардум шоҳмот бозӣ мекунанд, сулҳу оромӣ…

Вале якбора як ҳамсояи корчаллони мо пинҳонӣ аз дигарон ҳамроҳи рейдерҳои бегона қарори шаҳрдорро ба даст овардаанд ва акнун ҷор мезананд, ки ин ҳама заминҳо аз кӯчаи Сулҳ то кӯчаи Сирдарё моли ӯст. Ӯ гӯё дар инҷо комбинати хадамоти маоишӣ, майдончаи варзишӣ ва боғ месозад… Ҳоло он, ки бар асоси Генплан, дар минтақаи истиқоматӣ бояд ба ҷуз аз боғчаҳо чизи дигар сохта нашавад…» — навиштааст ӯ.

Ӯ навиштааст ин корчалон гӯё имзоҳои сокинони маҳалла ва соҳибони боғҳоро ҳам ҷамъоварӣ кардааст, ки дар асл дурӯғ буда, дасткорӣ шудаанд. Тибқи нақшаи генералӣ дар ин минтақа набояд ин гуна сохтмонҳо бошанд, балки бояд ҳамин тавр сарсабз боқӣ монанд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд ҳанӯз ба ин қазия вокуниш накардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *