Рубрики Хабарҳо

Системаи бисёрҳизбӣ ва нақши он дар ҷомеъа

Бо пош хӯрдани лагери сотсиалистӣ ва суқути коммунизм дар ҷаҳон дар ибтидои солҳои 90-и асри гузашта яккатозии ҳизбҳои коммунистӣ ба охир расид. Дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки ҳама худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон карданд, ҳизбҳои нав ташкил ёфтанд.

Системаҳои беҳизбӣ танҳо дар давлатҳое вуҷуд доранд, ки режимҳои анъанавӣ ва диктаторҳои низомӣ дар онҳо сари қудратанд. Бархеи аз ин режимҳо фаъолияти аҳзоби сиёсиро дар қаламрави кишварҳои худ мамнӯъ эълон кардаанд. Аммо шояд теъдоди ин давлатҳо ҳудуди 20 –то бошад, на бештар аз ин.

Дар ин миёни ин кишварҳо теъдоди аъзамро давлатҳои исломӣ ташкил медиҳанд, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Бруней. Дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс мавҷудияти ҳама гуна ҳизбҳои сиёсӣ манъ аст, зеро подшоҳону амирони ин кишварҳо иддао доранд, ки ин ташкилотҳои сиёсӣ ваҳдати уммати исломро барҳам мезанад.

Бар фарқ аз ин режимҳои истибдодӣ, дигар дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳизбҳо фаъолият мекунанд. Аксаран на як ҳизбу ду ҳизб, балки даҳҳо ҳизб.

Системаи бисёрҳизбӣ имкон медихад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд кунад, яъне рақобат миёни аҳзоб шурӯъ шавад ва онҳо ба интиқоди ҳамдигар бипардозанд. Мухолифин ҳамеша аз имкониятҳое, ки барои интиқоди ҳукумат ва ҳизби хоким ба даст меоранд, кӯшиш мекунад босамар истифода кунад.

Ин система раванди қабули қарорҳоро боло мебарад, зеро ҳамеша идеяҳо ва консепсияҳои гуногун дар он пешниҳод мешаванд . Раванди мутобиқшавии ҳукуматҳоро ҳангоми бӯҳронҳо таъмин менамояд.

Ташкили блокҳо ва эътилофҳои нав, тақсими ҷойҳо дар мақомоти интихобӣ, иваз шудани лидерҳо имкон медиҳанд, ки низоъҳои иҷтимоӣ коҳиш ёбанд ва ё то муддате аз байн бурда шаванд.

Ин ба роҳбарияти сиёсӣ имкон медиҳад, ки вазъиятро то андозае зери назорат бигирад.

Аз камбудиҳои ҷиддии системаи бисёрҳизбӣ яке ин аст, ки ба фаъолияти ҳизбҳое, ки мухолифи демократия ҳастанд, иҷозаи фаъолият медиҳад. Инҳо дар марҳилаҳои муайян метавонанд барои демократия ва бисёрҳизбӣ хатар ба вуҷуд биоваранд.

Ҳизби фашистӣ бо роҳбарии Гитлер мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Нақши аҳзоб дар ҷомеа

Дар сиёсатшиносии анъанавӣ вобаста ба мавқеъ ва нақше, ки аҳзоб дар ҷомеа мебозад, онҳоро дар системаи сиёсӣ ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд- ба ҳизбҳои ҳоким, мухолиф, парламентӣ ва авангардӣ.

Хизби ҳоким ҳизберо мегӯянд, ки дар интихобот пирӯз шудаасту ҳуқуқи ташкил кардани ҳукуматро ба даст овардааст.

Хизби ҳоким ва ё эътилофи якчанд ҳизб, ки дар як блок муттаҳид шудаанд, тавассути сарвазири «худ» ва аъзои кабина сиёсати худро пиёда мекунад, аммо ин кор танҳо дар шароити идораи парламентӣ имконпазир аст.

Дар сохтори президентӣ, агар ҳизби президент дар интихобот пирӯзӣ ба даст наоварад, имкон дорад, ки дар парламент ақаллиятро ташкил кунад ва дар пиёда кардани барномаҳои ҳукуматӣ ба мухолифати шадид рӯ ба рӯ шавад.

Аҳзоби мухолиф, чунон ки маълум аст, имкони ташкили ҳукуматро надорад, бинобар ин, дар мухолифат ба ҳукумат қарор мегирад.

Сабаб ин аст, ки мақсади асосии ҳар як ҳизби мухолиф дар интихоботи оянда пирӯз шудан ва дар ташкили ҳукумати оянда нақши аслиро бозидан аст.

Барои ноил шудан ба ин мақсад аҳзоби мухолиф ҳукуматро барои ҳар як иштибоҳи ҷиддияш шадидан мавриди интиқод қарор медиҳад ва барномаҳои алтернативии худро барои рушди кишвар пешниҳод мекунанд.

Аҳзоби парламентӣ дар системаҳои рақобаткунанда фаъолият мекунанд ва дар пеши худ мақсад мегузоранд, ки ба сари қудрат омада, аксари курсиҳоро дар идораи давлат баъди пирӯзӣ дар интихобот соҳиб шаванд.

Дар ин гуна ҳизбҳо ду маркази ташкилӣ таъсис меёбад. Як маркази ташкилӣ раис мешавад, маркзи дигар лидери ҳизб.

Раис дар асл менеҷер ва роҳбари мошини ҳизб мебошад. Вай фаъолияти шӯъбаҳои минтақавиро ҳамоҳанг карда, дар маъракаи интихоботӣ масъулияти роҳбариро ба дӯши худ худ гирифта, ҳуҷҷатгузориро дар ҳизб ба ду мегирад.

Аммо лидер таҷассумгари симои ҳизб буда, ӯ дар конфронсҳои солона интихоб мешавад.

Дар баъзе ҳизбҳо ин ду марказ метавонанд ҷойҳои худро тагйир диҳанд. Инҷо гап сари принсипи тобеъияти ақаллият ба аксарият аст.

Хусусияти аслии аҳзоби авангардӣ сентрализм, субординатсяи қатъӣ, бидуни ҳар гуна шарту шароит тобеъ шудан ба органҳои болоӣ мебошад.

Ин хислатҳо на танҳо дар давраи мубориза барои қудрати сиёсӣ, ҳатто дар замони сари қудрат будани аҳзоб низ зоҳир мешавад. Дар ҳолатҳои муайян аҳзоби авангардӣ ба ҳизби тоталитарӣ мубаддал мегарданд.

Иллат ин аст, ки аъзои ҳизбҳои авангардӣ танҳо ба як идея пойбанд мешаванд, аммо бо мурури замон, ин идея ба номи лидери ҳизб рабт дода мешавад. Дар натиҷа, пешвои ҳизб ба авторитети олии ҳизб табдил меёбад.

Намунаи олии ҳизби авангардӣ РСДРП мебошад, ки баъдҳо он ба КПСС табдил ёфт.

Заминаҳои идеологии аҳзоб

Консерватизм, либерализм ва сотсиализм ҷаҳонбиниҳои асосии сиёсӣ дар се асри охир ҳисоб мешаванд. Ҳама таълимоти сиёсиро дар ин давра кам ё беш метавонем ба ин се идеология нисбат диҳем.

Ба ибораи дигар, ҳама гуна консепсияҳо ё платформаҳои сиёсӣ, ҳама гуна ҳаракатҳои ҷаъиятӣ-сиёсӣ дар фаъолияти худ ин се идеяро истифода мебаранд.

Идеологияҳои «асосии» асрҳои 19, 20 ва 21 дар Ғарб дар натиҷаи мунҳал шудани ҷаҳонбинии реалистӣ, утопиявӣ ва теократӣ, ки аз ҳазорсолаи 2-и пеш аз милод то охири асри 18 вуҷуд доштанд, ба миён омад.

Аҳзоби консервативӣ (аз калимаи консерватив-ҳифз кардан гирифта шудааст)- созмонҳои сиёсие ҳастанд, ки мехоҳанд вазъияти мавҷудаи ҷомеаро, дар навбати аввал муносиботи ахлоқиву ҳуқуқиро, ки дар симои миллат, дини он, оиладорӣ, моликияти хусусӣ таҷассум ёфтаанд, «консерватисия», яъне ҳифз кунанд.

Ба ин гуна ҳизб метавон Иттиҳоди христианӣ-демократӣ, Ҳизби консервативӣ дар Британияи бузург ва ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА-ро шомил кард. Онҳо ба ҳайси муҳофизони сармоя ва тиҷорати калон, манфиатҳои буржуазияи саноативу тиҷоратӣ ва чиновникҳо баромад мекунанд.

Аҳзоби либералӣ (либералӣ-демократӣ) (аз калимаи лотинии Liberaris-он чӣ ки ба озодӣ тааллуқ дорад, гирифта шудааст) ҳизбҳое мебошанд, ки озодии инсонҳо, ҳуқуқи онҳоро ба интихоби шуғл, моликият, пайравиашонро ба адён тарғиб мекунанд. Азбаски либералҳо аҳзоби парламентӣ ҳастанд, идеологияи ғайр ва мавҷудияти дигар аҳзобро низ эътироф мекунанд.

Дар миқёси байналмилалӣ аҳзоби либерал ба Интернатсионали либералӣ, ки он дар соли 1947 таъсис ёфтааст, шомил мешаванд,

Ба иддаои аъзои Интернасионали либералӣ, озодиҳои сиёсӣ дар кишваре, ки давлат дар он иқтисодро зери назорати худ гирифтааст, иқтисоди озод вуҷуд дошта наметавонад.

Онҳо мегӯянд, ки бидуни мавҷудияти озодиҳои сиёсӣ на ҳуқуқи инсон риоя мешавад ва на озодии иқтисодӣ вуҷуд дошта метавонад.

Аҳзоби сотсиал-демократӣ миллионҳо нафарро дар сафҳои худ муттаҳид кардааст. Ҳамаи ин навъ ҳизбҳо дар Интернатсионали сотсиалистӣ муттаҳид шудаанд.

Ин аҳзоб дар ибтидо ҳамчун созмони сиёсии синфи коргар таъсис ёфта буд, аммо ҳоло он дар сафҳои худ намояндагони дигар қишрҳои иҷтимоиро низ ҷалб кардааст.

Арзишҳои асосии сотсиал-демократҳо озодӣ, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагӣ мебошад.

Мақсади аҳзоби сотсиал-демократӣ ҳуқуқи коргарон ба таҳсил, истироҳат, табобат, манзил, кафолати рушди озод, таъминоти иҷтимоӣ, барҳам задани ҳама гуна табъиз, зулм ва истисмори одам аз тарафи одам аст.

Аҳзоби сотсиал демократӣ асосан дар кишварҳои пешрафтаи саноатӣ фаъолият доранд ва онҳо манфиатҳои аксар шаҳрвандонро ҳимоя ва таъмин мекунанд.

То охири солҳои 80-уми қарни гузашта дар 95 кишвари ҷаҳон аҳзоби коммунистӣ фаъолият дошт ва сафи аъзои он то 90 млн. мерасид. Аксари онҳо ҳизби ҳоким ҳисоб меёфтанд. Мақсади ҳизбҳои коммунистӣ сохтмони ҷомеаи коомунистӣ, сохте аст, ки дар он синф вуҷуд надорад, моликият ҷамъиятӣ мешавад ва адолати иҷтимоӣ пурра таъмин мегардад.

Аммо мақсадҳои ҳизби коммунист татбиқ нашуданд. Дар ибтидои солҳои 80-уми асри 20 нуфузи ин ҳизб коҳиш ёфт. Дар миёни аҳзоби коммунистӣ дар Аврупо парокандагӣ шурӯъ шуд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ, пуштибони аслии коммунистон дар сатҳи байналмилалӣ хизбҳои коммунистӣ мавқеи ҳукмронро дар аксар кишварҳои ҷаҳон, ба истиснои Чин ва 2-3 давлати ақибмонда аз даст доданд.

Шакли системаҳои ҳизбӣ

Типологияи системаҳои ҳизбиро сиёсатшиноси италиявӣ Ҷовани Сартори дар китоби худ «Ҳизбҳо ва системаҳои ҳизбӣ» нишон додаст. Ӯ дар ин табақабандӣ ҳам омили миқдорӣ ва ҳам омили сифатиро ба назар гирифтааст.

Ба иддаои ин олим, 7 шакли системаи ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд доранд:

  1. Системаи яккаҳизбӣ дар собиқ Иттиҳоди шӯравӣ вуҷуд дошт ва ҳоло дар Куба ин система ҳифз шудааст. Дар ин гуна системаҳо маъмулан ҳизби яккатоз бо дастгоҳи давлатӣ омехта мешавад.
  2. Системаи партияҳои гегемон (Ҷумҳурии Демократии Олмон ва ва Булгорияи коомунистӣ). Дар ин системаҳо зоҳиран ҳизбҳои сателлит вуҷуд дошта, онҳо ба равандҳои қабули қарорҳо ҳеҷ таъсир расонда наметавонанд.
  3. Системаи ҳизбҳои афзалиятдошта (Ҷопон ва Ҳинд). Ин ҳизбҳо сарфи назар аз мавҷудияти ҳизбҳои зиёд «пакети контролӣ»-ро дар дасти худ доранд. Масалан, дар Ҷопон то соли 1993 ин пакет дар дасти Ҳизби либерал-демократӣ буд. Дар Ҳинд ин афзалият дар дасти Конгресси миллии Ҳинд буд.
  4. Системаи дуҳизбӣ асосан дар кишварҳои англосаксон вуҷуд дошта, ду ҳизб ба навбат ҳамдигарро иваз карда меистанд (Дар ИМА Ҳизбҳои демократӣ ва ҷумҳурихоҳон, дар Анлия лейбористон ва консерваторҳо).
  5. Системаи плюрализми мӯътадил, масалан дар Фаронса ва Белгия.
  6. Системаҳои плюрализми ифротӣ (аз 6 то 8 ҳизб), ки онҳо эътилофҳои мураккабро ташкил мекунанд (Ҳоллан ва Финлонд).
  7. Системаҳои ҳастаишуда (беш аз 8 ҳизб). Дар ин гуна система таъсиру нуфуз ва нақшҳо тақсим мешаванд.

Кова Раҳнамо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *