Рубрики Хабарҳо

Сарбоз баъди 18 рӯзи хидмат дар артиш фавтид

Як сарбоз,  баъди 18 рӯзи пайвастан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҳини адои хидмати ҳарбӣ  фавтидааст. Ҷовидон Амирхонов аз ноҳияи Фархорро рӯзи 15-уми октябр барои хидмат ба як воҳиди низомӣ ба ноҳияи Лахш фиристодаанд ва ӯ шаби 11-уми ноябр дар шифохонаи “Истиқлол”-и Душанбе вафот кардааст.

Тавре радиои Озодӣ хабар медиҳад, сокини 22-солаи деҳаи Давлатободи ҷамоати Гулшанро рӯзи 12-уми ноябр дар зодгоҳаш дафн карданд. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯ бар асари латту кӯби афсаре ҳалок шудааст, чун дар дасти онҳо сабти наворе суҳбати охирони Ҷовидон  ҳаст. Дар ин сабт ӯ бо сару рӯи варамида бехуду беҳол сӯҳбатҳои парокандае мекунад. Аммо дар додситонии минтақаи Рашт гуфтаанд, ки сабабҳои марги сарбоз ҳоло маълум нест ва тамоми иддаоҳоро месанҷанд, то сабабҳои ҷавонмарг шудани сарбозро маълум кунанд.

Аз мақомоти додситонӣ гуфтаанд, тафтиш ҳадди аксар 2 моҳ идома мекунад.

Бародари сарбози ҳалокшуда Баҳодур Амирхонов гуфтааст, баъди марги бародараш, ба додситонии низомии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *