Чанд “ибтикор”-и ахири имомхатибон дар Тоҷикистон ҷомеъаро шигифтзада кард. Дар ноҳияи Шаҳритӯс онҳо ҳайкали шикаставу зангзадаи Ленинро таъмиру рангу бор карданд. Дар ноҳияи Ваҳдат билетҳои консерти сарояндаи ӯзбек Севинчро мефурӯшанд.
Албатта бовар кардани ин ки имомхатибон ин корро ихтиёран кардаанд, мушкил аст. Чун ҳарду ин кор ҳам ҳади ақал хилофи шариати исломӣ. Бархӯрди мақомот бо онҳо дар чанд соли охир ҳам мантиқан ба ин хулоса мерасонад, ки ин корҳо махсус аз тарафи мақомоти муайян тарҳрезӣ шудааст.
Паём дар ин масъала бо як суол ба коршиносон муроҷиъат кард:
Чаро мақомот муллоҳоро маҷбур мекунанд корҳои зиддишаръӣ анҷом диҳанд?
Абдулло Далатов, табиб ва таҳлилгар: Метавонам гуям, ки ба амалҳои ғайримантиқӣ ҷавоби мантиқӣ додан имконнопазир аст. Гумон кунам, ки тасмимгирон медонанд, ки мардуми боимони боақл «ҷавоби аҳмақ сукут» гуён вокуниш нахоҳанд кард, бо ин аҳмақияшон дилхушӣ мекунанд.
Аммо, ман ҳамчун духтур вазифадорам ба саволи гузошта посух диҳам:
Ҳамчуноне, ки бадмаст (алкаш) ва ё бангӣ (наркоман) бе арақ ва ё маводи мухаддир наметавонанд дилхушӣ кунанд, одами корношоям бе бадӣ ба дигарон наметавонад дилхушӣ кунад. Инро дар психиатрия «комплекси ноқисӣ» (комплекс неполноценности) меноманд. Нафарони гирифтори комплекси ноқисӣ, норасоии равонии худро бо «суперкомпенсатсия» пурра карданӣ мешаванд. Аз тарси эътироф нашудан аз тарафи ҷомеъа (социальная фобия).
Хулоса, ин ҳама амалҳои ғайримантиқӣ ва аҳмақона на бар зидди дини мубини Ислом равона шудаанд, балки шаҳодати нуқси равонӣ доштани тасмимгирон аст.
Ин аз нуқтаи назари пизишкӣ.
Аммо, гоҳе ҳамчун як таҳлилгар ба ин амалҳо назар мекунаму тахмин мезанам, ки шояд касе қасдан бар зидди президенти Тоҷикистон ва сарнагун кардани ҳукумати феълӣ чунин мекунад.
Бубинед, ки президенти ҳозираи Ӯзбакистон низ аз система ва тими Ислом Каримов буд. Боварӣ дорам, ки корҳои ғайримантиқии Каримов ба Шавкат Мирзиёев хуш намеомад, аммо ӯ шояд баръакс «ҳай бале!» мегуфт, то нафрати мардум нисбаташ зиёдтар шавад. Ва чунон ҳам шуд.
Акнун, ки Шавкат Мирзиёев баъди он ҳама аҳмақиву зулму ситаму девонагиҳои Ислом Каримов ба саҳна омаду каме ба мардум озодӣ дод, ҳамагӣ беҳтаринаш мехонанд.
Агар ба тамсил гуям: мардум мехостанд аз буйи гулу зебоии гулзор баҳра баранд, аммо авбоше ҳамаҷоро саргин афканда буду бӯйи ғализ дар фазо буд. Чун авбош гум шуду дигар саргин намеафкананд, фазои оддӣ накҳати гулзор дорад…
Муҳаммадсаид Ризоӣ, олими шаръ ва таҳлилгар: Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Фикр мекунам ин суол набояд ба ин шакл матраҳ шавад. Зеро барои як ҷомиъаи диндори мутамаддин, истодан ва банд шудан ба масоиле аз қабили тармими пайкара — аз ҳар касе набошад ва ё фуруши чипта, хоҳ барои филм, синамо ва ё театр, боғи ҳайвону дигару, дигар матраҳ набошад. Инҳо метавонанд касб бошанд ва дар баробари анҷом, маош пардохт карда шавад.
Вале фикр мекунам он чӣ мардуми муслмони моро нагарон кардааст, дигар аст. Он ҳам дар симои руҳонӣ, мулло ва домулло, ба ҷои таълиму тарбияи маънавӣ ба фарзандони мусулмонҳо дар кишваре, ки мусулмонҳо аксарияти кулро ташкил мекунанд, ва ба ҷои хидмат кардан бо гуфтору кирдори намунаи динӣ, ки ҷомиъа ба он ниёз дорад, ба ин қабил корҳо машғул шудани намояндаҳои дин ин суолҳоро ба миён овардааст. Ва ҷой ҳам дорад.
Аз ин хотир ман ҳам ба ин тарафи мавзуъ ҷавоб медиҳам.
Аввалан фикр накунам, ки ин тоифа дар ҳақиқат мулло ва донанда ба аҳкоми шариъат бошанд. Муллову Домуллоҳои донандаи аҳкоми шаръӣ аз сабаби маҳдуд сохтани фазои илмӣ ва шаръӣ ва маҷбур водор ба хилофи шариъати ислом фатвоҳои сохта ба майли мақомот, содир накардан ва иҷозаи таълиму тарбияи ақидатӣ-мазҳабӣ надоштан, кишварро тарк ва дар берун аз Ватан ба сар мебаранд. Ва инҳое, ки дида мешаванд, муллонамоёне мебошанд, ки собиқ кормандони дастгоҳи бехудоӣ ва зидди динӣ буда, ба хотири бозӣ ба эътиқоди мусулмонҳо, мақомоти динзудои мо, вазифадорашон кадаанд, то зоҳиран бо ин гуна корҳо намоён шаванд.
Сониян мардуми мусулмони мо бояд хуб бидонад, ки ҳукуматдорони онҳо ба ислому мусулмонӣ душмании оштинопазир доранд. Мисле дар Бухоро назди мадрасаи Мири араб, ки эмомхатибон он ҷо таълим мегирифтанд, комунистҳои собиқ Шуравӣ пайкараи харро насб карда, донишгоҳ, омӯзгорон ва омӯзандагони улуми диниро дар ҳадди харбандҳо таҳқир карда буданд, мақомоти Тоҷикистон ҳам бо ин бозии дур аз инсонӣ ва дур аз эҳтироми диндорон, мусулмонҳоро ба зоҳири мулло ва домуло ва машғул доштан ба ин гуна корҳои ба истилоҳ гунаҳгорӣ, таҳқир доранд.