Рубрики Хабарҳо

Моҷарои нав бо қирғизҳо дар Чоркӯҳ

Дирӯз, 16 декабр миёни сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоъати Чоркӯҳ ва деҳаи Кук-тоши ноҳияи Ботканд дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон моҷарои навбатӣ рух дод.

Тибқи иттилоъи Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара, моҷароро сарҳадбонони қирғиз оғоз намуда, гарм доштаанд. Сабаби моҷаро тасмими як сокини деҳа барои деворбардории атрофи мағозааш шудааст. Сарҳадбонони қирғиз бо иддаъои баҳсӣ будани замин ба сохтмони девор монеъа эқод кардаанд.

Ҳаводиси як ҳафати ахири ин минтақа аз забони яке аз сокинони он Зубайдулло Шомадов ба акли зер аст: 

Ду рӯз қабл аз ин гуруҳе аз аз сокинони маҳаллаи Кок-Тоши қишлоқи Оқсойи ноҳияи Боткон, ки шишаҳои тирезаҳои мағоза ва шиферҳои боми нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро барқасдона шикаста буданд, дар идомаи амалҳои иғвогаронаи худ субҳи имрӯз шишаҳои мошини сабукрави шахсии боз як шаҳрванди Тоҷикистон – истиқоматкунандаи маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ Сафаров Урмониддинро шикаста, ба ӯ низ зарари моддию молиявӣ расониданд.

Тавре шоҳидони ҳодиса изҳор медоранд, соҳибмулки мағоза ва нонвойхона ин иншоотҳоро бо мақсади хизматрасонӣ ва осон кардани мушкилоти сокинони деҳоти наздисарҳадии ҳарду ҷониб сохта буд ва аз он сокинони маҳаллаи Кок-Тош низ истифода мебурданд. Мутаассифона, ба иншоотҳои номбурда таҳти сарварии сарҳадбонони кишвари ҳамсоя хисорот расонида шуд ва субҳи рӯзи 16 декабри соли 2019 амали харобкорона нисбати мошини шахсии шаҳрванд Сафаров Урмониддин низ таҳти роҳбарии командири дидбонгоҳи сарҳадии Кок-тоши ноҳияи Боткон Султонбаев Мирбек сурат гирифтааст.

Ин амалҳои моҷароангезона, ки таҳти ҳимояту пуштибонии сарҳадбонони қирғиз рух додаанд, боиси норозигӣ ва изтироби сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии деҳоти Чоркӯҳ гардидаааст. Бино бар гуфти сокинони маҳаллаи Сомониён масъулини корҳои дохилӣ ва сарбозону сарҳадбонони қирғиз худ ин амалҳоро ташкил ва роҳбарӣ мекунанд ва дар рафти онҳо бевосита мекунанд.

Мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара дар деҳоти Чоркӯҳ қарор дошта, барои муайян намудани шахсияти иғвогарон ва тахрибкорон, ба ҷавобгарӣ кашида шудани онҳо, пешгирии ҳамагуна моҷаро ва низоъ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мӯътадилии вазъи ҷамъиятӣ айни замон бо ҳамтоёни қирғизи худ корбарӣ доранд.

Аммо, дар давоми рӯзҳои ахир зиёд гардидани чунин амалҳои ғаразнок аз ҷониби ҳамсоягон вазъро ноором месозад.

Бояд тазаккур дод, ки қабл аз ин, санаи 11 декабри соли равон гурӯҳе аз сарҳадбонони бо яроқ мусаллаҳи қирғиз дар маҳаллаи Сомониён ба марзи Тоҷикистон ворид шуда, бо даъвои баҳсӣ будани мавзеъ ба деҳқонони чоркӯҳӣ, ки мехостанд заминҳои кишоварзии худро шудгор кунанд, монеъ гаштанд ва хостгори низоъ будани худро ошкор намуданд.

Рӯзи 5 декабри соли 2019 дар натиҷаи амали ғайриқонунии нафаре аз сокинони деҳаи Оқсой дар марзи Ворух ва аз ҷониби сарҳадчиёни тоҷик боздошт шудани ӯ ҷониби Қирғизистон шоҳроҳи Исфара – Ворухро тахминан аз 13 то 14 -и ин рӯз баста мусофирони 3 микроавтобус ва зиёда аз 20 мошинҳои сабукрав , дар майдони назди қисми ҳарбии ин маҳал , чун гаравгон боздошт карда шуда буданд.

Давоми рӯзҳои ахир зиёд гардидани чунин амалҳои ғаразнок аз ҷониби ҳамсоягон таҳти ҳимояти сарҳадбонони қирғиз вазъи минтақаҳои сарҳадиро ноором месозад ва он метавонад аксуламали ҷиддиеро аз ҷониби сокинони маҳалҳои наздисарҳадии қаламрави Тоҷикистон ба миён орад.

Бино бар гуфти сокинони маҳалҳои наздисарҳадӣ, ки ҳамарӯза шоҳиди ҳол дар марз ҳастанд, мутаассифона, тамоми ин амалҳои ғаразноку иғвогарона ва харобиовар бевосита аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ ва худи сарҳадбонии ҷониби Қирғизистон ташкил, роҳбарӣ ва идора карда мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *