Рубрики Хабарҳо

Ифтитоҳи 10 гузаргоҳи дигар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Сар аз имрӯз, 1 март дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 9 гузаргоҳ ва як посгоҳи марзии дигар аз нав кушода мешаванд. Ин гузаргоҳҳо солҳо бинобар сардии муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон баста буданд.

Аз 1-уми март бояд роҳи оҳани Ғалаба — Амӯзанг низ, ки Тирмизи Ӯзбекистонро бо Бохтари (Қурғонтеппа) Тоҷикистон мепайвандад, дубора мавриди истифода қарор мегирад.

Моҳи гузашта ду гузаргоҳи Андархон — Патар дар марзи вилояти Фарғона бо Конибодом ва гузаргоҳи Қӯштегирмон дар марз бо ноҳияи Аштро фаъол гашта буд.

Гузаргоҳҳое, ки бар асоси қарори ҳукумати Ӯзбекистон сар аз 1 март расман кушода мешаванд:

  1. Гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи Панҷакент бо Самарқанд
  2. Гузаргоҳи «Қӯшкент” дар марзи ноҳияҳои Деваштич бо Ҷиззах
  3. Гузаргоҳи «Ӯчқӯрғон” дар марзи Зафаробод бо Ҷиззах
  4. Гузаргоҳи «Хавособод” дар марзи ноҳияи Спитамен бо вилояти Сирдарё
  5. Гузаргоҳи «Бекобод” дар марҳи Спитамен бо вилояти Тошканд
  6. Гузаргоҳи «Поп” дар марзи ноҳияи Ашт бо вилояти Намангон
  7. Гузаргоҳи «Равот” дар марзи Конибодом бо вилояти Фарғона
  8. Гузаргоҳи «Гулбаҳор” дар марзи ноҳияи Шаҳритӯс бо вилояти Сурхондарё
  9. Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар марзи Панҷакент ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд
  10. Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг” дар байни истгоҳи Хошадӣ бо вилояти Сурхондарё.

Ин гузаргоҳҳо то сардшавии муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон вуҷуд доштанд, аммо тадриҷан баста шуда, аз соли 2010 ба ин тараф, дар марзи ду кишвари ҳамсоя ҳамагӣ 2 гузаргоҳ — «Турсунзода Сариосиё” ва «Фотеҳобод Ойбек” амал мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *