Рубрики Хабарҳо

Толибон пеш мераванд

Ширкати давлатии рушди миллии Афғонистон беш аз 270 миллион доллар қарзро пардохт кард

Намояндагони раҳбарияти ширкат дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки илова бар ин, 80 дарсади қарзи андоз пардохт шудааст.

Тавре маълум гардид, 394 лоиҳа бомуваффақият амалӣ гардида, 745 лоиҳаи дигар дар ҳоли таҳия мебошад. Васеъ кардани канали “Куш-тапа”, комбинати саноатию хочагии “Хайратон”, заводи цементи “Гӯри” вазифаи аввалиндарача муайян карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз хусусигардонии ғайриқонунӣ  340 гектар замин, 12 бино, 111 мағоза ва 1 бозор баргардонида шуд.

Ҳамчунин созмони ЮНИСЕФ хостори 250 миллион доллар пардохти мустақим ба омӯзгорони афғон  шудааст. Ба гуфтаи ин созмон, дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба ҳар як омӯзгор дар мактабҳои давлатӣ дар чаҳорчӯби сиёсати дастгирии таҳсилоти мактабӣ 100 доллар дарёфт кардааст. Маълум шуд, ки маблаги чудокардаи Иттиходи Аврупо ба 194 хазор муаллим кумак кардааст.

Мавриди зикр аст, ки раисҷумҳури фирории ин кишвар Ашраф Ғанӣ дигар дар феҳристи сарони давлатҳои СММ нест. Дар ин бора сомонаи расмии созмони ҷаҳонӣ хабар додааст. Рӯло Ғанӣ ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар мақоми вазирони хориҷа ҳузур надоранд. 

Атмар қаблан хостори барканории ӯ шуда буд ва Носир Аҳмад Фаиқ намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милал эътироф шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *