Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш, ки имрӯз, 28 июл баргузор шуд иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҳар бахши дигар ба бахши энергетика сармоягузорӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, то 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Қодирзода ҳам мисли ҳар мансабдори дигар бо рақамбозӣ мехоҳад аз пашша фил намоиш диҳад. Зикри 38 млрд сомонӣ, ки рақами хурде нест, зеҳни хонандаро машғул мекунад ва ба таноқузоте, ки аз паи он меояд, аҳамияти камтаре медиҳад. Шояд рақам аз ҳаво гирифта нашудааст ва бештари он 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки мавриди амал қарор дорад ба солҳои гузашта бастагӣ доранд. Яъне то охир иҷро нашудаанд, бинобарин ҳар сол ба ҳисоботи мақмоти Тоҷикистон ворид мешаванду воҳимасозӣ мекунанд.
Шумо метавонед ба давоми суханони Қодирзода диққат кунед ва асли масъаларо рӯшан созед. Ба гуфати ӯ аз ин миқдор маблағ ба сармоягузории бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), маориф (ҳудуди 103 млн), тандурустӣ (148 млн), хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст. Яъне ҷамъи бештарин маблағгузориҳо каме бештар аз 2,1 млрд аст, аммо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 38 млрд доллар ҳарф мезанад.
Идомаи ҳарфҳои Қодирзода ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд нимсолаи аввал ба иқтисоди Тоҷикистон 276,3 млн доллар (ҳудуди 3 млрд сомонӣ) сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 99 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Аммо мавзӯъи баҳси мо рақамбозии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нест. Ин одати ҳамешагии аксари мансабдорони Тоҷикистон аст ва дигар навигариву ҷолиб нест. Мавзӯъи мо сармоягузорӣ ба бахши энергетика аст.
Ин бахш қариб ҳамасола бештарин сармояро ҷалб мекунад, аммо зараровартарин бахши иқтисоди кишвар аст. Зарари солонаи “Барқи тоҷик” ҳамеша байни 350 то 450 миллион доллар қарор мегирад, ки тақрибан баробар ба сармояи воридшаванда ба кулли иқтиссоди кишвар(!) баробар аст. Ҳатто бо дарназардошти ин ки бештари ин сармояҳо грант ё қарзи бебозгашт ҳастанд, зараре, ки “Барқи тоҷик” ба иқтисоди кишвар ворид мекунад, бамаротиб(!) бештар аз сармояест, ки кишвар аз грантҳо ва сармоягухориҳо ба даст меорад.
Ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, гузориш дода буд “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ ($400 миллион бо қурби миёна дар ин сол) зарар дидааст.
Тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRL дар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) бароварда шуда буд.
Соли 2015 низ ин ширкат тавониста буд 2,8 млрд сомонӣ (ҳудуи ($350млн бо қурби миёна) зарар кунад.
Қарзи “Барқи тоҷик” ҳар сол 3-4 млрд сомонӣ (аз 250 то 400 млн доллар дар солҳои гуногун) меафзояд, аммо аз соли 2018 ба ин тараф ҳаҷми ин қарз эълон намешавад. Дар соли 2018 он ба расида буд, ки 1,6 млрд долларо ташкил медод. Аммо ин рақам танҳо қисми кӯчаки зарарест, ки ширкати монополӣ ба буҷа ворид кардааст. Чун бештари қарзи “Барқи тоҷик” аз Вазорати молия ва бо пули миллӣ аст, бо поён рафтани қурб, ҳаҷми он бо асъор камтар шудам мегирад, ки дар натиҷа буҷа аз ин ҳисоб ҳам зарарҳои ҳангуфт мебинад. Барои мисол, соли 2015 қарзи “Барқи тоҷик” бо ҳисоби доллар беш аз 3 млрд доллар буд.
Зарарҳои ҳарсолаи “Барқи тоҷик”-ро аудиторҳои хориҷӣ муайян мекунанд. Рақами ин зарар ҳам аз соли 2018 ба ин тараф ин зарар дигар расонаӣ намешавад, аммо самте вуҷуд дорад, ки мешавад тавассути он зарари ин ширкати монополистро бо кақии ҳудуди 10% ҳисоб кард. Ва ин самт “Нерӯгоҳи обӣ-баркии Сангтӯда-1” аст. Албатта баъди нашри ин таҳлил ва таҳлили қаблӣ, ки ба ин масъала ишора шуда буд, мақомот, аниқтараш Оила тавонад пеши роҳи расонашавии ҳисоботи ин НОБ-ро гирад, вале то он замон мо метавонем бо такя ба он ба ҳақиқатҳо пай барем.
Қарзи ширкати монополии “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда -1» дар ним соли ҷорӣ 279 миллион сомонӣ бештар шудааст. Маъмурияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзи 27-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ширкати «Барқи тоҷик» ҳамагӣ 33 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар ним соли равон боз ҳам 297 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 89 миллион сомонӣ расидааст.
Аз ин ки пардохт ба “Сангтуда-1” дар сатҳи пештара боқӣ мондааст, мешавад хулоса кард, ки зарари солонаи “Барқи тоҷик” инз дар ҳамон сатҳи қадимӣ аст, яъне 250 то 400 миллион доллар ё 3-4 млрд сомонӣ. Қарзи ширкат аз замони қатъи нашри ҳаҷми он шочд ба 25 млрд сомонӣ(!) расидааст.
Ин рақам, яъне афзоиши ҳудуди 250-300 миллион сомонӣ қарзи “Барқи тоҷик” дар нимсола як анъана аст ва солҳост, ки . Нимсолаи аввали он ба 300 млн баробар буд. Аммо бо вуҷуди ҳар сол 500 миллион изофа шудан ба қарзи “барқи тоҷик” аз “Сангтуда-1”, ҳеҷ гоҳ ин қарз аз 1,3 миллиард боло намеравад. Медонед чаро? Зеро ҳар сол ҳукумат қисмате аз ин қарзҳоро бо лағв кардани пардохтҳои андозӣ ё қарзи “Сангтӯда-1” аз андоз, мепӯшонад. Аз кисаи мардум.
Ба ҷуз ҳаҷми қарз инҷо факти аҷиби дигаре вуҷуд дорад: “Барқи тоҷик” ҳамагӣ 33 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин “Сангтуда-1”-ро пардохт мекунад. “Сангтуда-1” нерӯгоҳи мутааллиқ ба кишвари хориҷӣ яъне Русия аст. Агар ба бегонагон ҳамагӣ 33% пули барқро мепардозад, пас ба нерӯгоҳҳои ватанӣ, ки зери итоати худи “Барқи тоҷик” ҳастанд, ин ширкат чанд дарсади пули барқи гирифтаашро пардохт мекунад? 20%? 15%? Ё 10%?
Фарз мекунем, ки ба нерӯгоҳҳои ватанӣ ҳам 33%-и пули барқ пардохт карда мешавад. “Сангтуда-1” ҳудуди 12%-и барқи кишварро истеҳсол мекунад. Агар қимати 67%-и барқи ин нерӯгоҳ дар ним сол ба 280 млн сомонӣ баробар аст, пас ин нерӯгоҳ ба тақрибан 420 слн сомонӣ дар ним сол ё 840 млн сомонӣ солона барқ истеҳсол мекунад.
840 млн сомонӣ 12%-и қимати барқи истеҳсолшаванда дар кишвар аст. Қимати умумии он тақрибан ба 7 млрд сомонӣ баробар аст. Агар “Барқи тоҷик” танҳо 33%-и онро мепардозад, пас солона 4,7 млрд пули барқро ба киса мезанад. Албатта, қимати барқи “Сангтуда-1” аз қимати барқ дар нерӯгоҳҳои дигар бештар аст, аммо бо дарназарошти ин ки ҳамаи он бо як нарх фурӯхта мешавад, метавон ҳадс зад, ки ҳаҷми пулҳои “ба киса” мезадаи “Барқи тоҷик” аз ин ҳам бештар аст.
Ин ширкат 4,5-5 млрд пули барқро ба киса мезанад ва бо вуҷуди ин ҳар сол 3-4 млрд сомонӣ қарзаш меафзояд. Яъне дар умум дар роҳ аз истифодабарандагон то муҳосиботи “Барқи тоҷик” ҳудуди 8-9 млрд сомонӣ солона ғайб мезанад. Яъне зараре, ки ин ширкат меорад бештар аз он аст ки аудиторҳо мегӯянд.
Гувоҳи ин ки “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳҳои ватанӣ камтар аз “Сангтуда-1” пардоҳхт мекунад метавонад ин бошад: Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад, барои ангишти истифода кардааш аз соли 2019 то аввали 2021 беш аз 120 миллион сомонӣ қарздор будааст. Пардохт нашудани пули ангишт ба маъмурияти кони “Фон-Яғноб” имкон намедиҳад, ки ба усули зеризаминии истихроҷ гузарад. Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ҳамарӯза беш аз шаш ҳазор тонна ангиштсанг масраф карда, то 80 дарсади талаботи сокинони пойтахт ба нерӯи барқро таъмин мекунад.
Фирӯзбек Сайфуллоев, мудири кони ангишти “Фон-Яғноб” ки аз чанд сол ба ин сӯ наметавонад пули ангишти истихроҷшуда барои Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро дарёфт кунад. Гуфта мешуд, ширкати “Барқи тоҷик” барои ангишти истифодашуда дар ин марказ 126 миллион сомонӣ қарздор аст.
Бо вууҷуди ин ҳама қарзу “зарарҳо”, солона барои ин ширкати монополии “Барқи тоҷик” садҳо миллион доллар сармоя ҷалб мешавад. Барои мисол:
- Соли 2019 мақомоти Тоҷикистон нақшаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати холдингии “Барқи тоҷик”-ро , ки барои иҷрои он дар солҳои 2019-2025 $1.2 млрд лозим аст;
- Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта созишнома дар бораи маблағгузории барномаи барқарорсозии молиявии холдинги давлатии “Барқи Тоҷик”- ро тасдиқ карданд. Ин созишнома миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, як бахше аз Бонки Ҷаҳонӣ моҳи майи соли ҷорӣ ба имзо расидааст. Тибқи он, барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Барқи Тоҷик 134 миллион доллар маблағҳои грантӣ ҷудо мекунад…
Аз ин гуна мисолҳо метавон зиёд овард. Суоли матраҳ ин аст, ки 8-9 миллиарди дар боло зикшуда ва ҳудуди 1 млрд сармоягузорӣ дар сол ба куҷо мераванд?
Бахши энергентикаи иқтисоди Тоҷикистон ҳарчанд ба мардум энерҷии чандоне намедиҳад, ҳисобҳои офшории Оиларо бо маблағҳои ҳангуфт таъмин мекунад. Чӣ гуна ин маблағҳо тақсим мешаванд ва ба куҷо интиқол меёбанд?
Посухи ин суолҳоро қисман бо навиштани “Барқи тоҷик” дар ҷустуҷӯгари сойти Паём пайдо кунед. Ба қисмати дигараш дар таҳлилҳои оянда посух хоҳем гуфт.