Рубрики Хабарҳо

Ҳимояи бародар, ҳиҷрат ва ғами падар. Хосият Ёрова

Модари меҳрубон, духтари намунавӣ ва хоҳари ҷасур. Хоҳари вакили дифоъи зиндонӣ Хосият Ёрова тавонистааст ин хислатҳоро дар худаш ҷамъ созад. Чанде қабл Хосият падараш — нависанда Равшани Ёрмуҳаммадро аз даст дод, вале натавонист дар ҷанозааш ширкат кунад. Алъон, бинобар мавқеъи шаҳрвандиаш маҷбур ба зиндагӣ дар Олмон шудааст.

Дар бораи зиндагиаш дар Душанбе, ҷосусӣ ба нафъи Амрико ва гурезагӣ, нашри китоби Бузургмеҳр, Хосият ба Паём ҳикоя кард.

Ман дар Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаам. Дар оила 2 писар ва 4 духтар ҳастем. Кӯдакии ман хеле рангин гузаштааст. Падарам дар Афғонистон кор мекарданд ва шароити зиндагии мо хуб буд. Бузургмеҳр мисли падарам хеле сахтгир буд. Ҳамеша хондани моро тафтиш мекард. Бо Ҷамшед муносибатҳои ман тамоман дигар аст, ӯ на танхо бародар, инчунин дӯсти беҳтарини ман аст. Ба чӣ маъно? Бо ӯ ман тамоман озод, дар дил хоҳ мавзӯъ сӯхбат мекунаму метавонам гоҳе хатто сарзанишаш низ бикунам.  Бо бародарон ҳар шомгоҳон шоҳмот бозӣ мекардем, маро ба кинотеатр мебурданд.

Дӯстони падарм маро “духтари падараш” меномиданд. Якҷоя кор мекардем, ӯ менавишт, ман табъу нашр мекардам. Гуфтан мумкин аст, ки барои падар ман ҳам котиба, хам маслиҳатгар, хам сармуҳосибу ронанда будам. Зиёд мехост, ки ман ҳам нависам, аммо ман танбалӣ мекардам. Сахтгир буд, дар ҳама ҷода. Ҳам дар кор ва ҳам дар оила.

Устухони ман бо рӯзноманигорӣ шах шудааст. Таҷрибаи кор дар ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагон — «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи Вазорати фарҳанг — “Фирӯза”, ҳафтаномаи  «Роҳнамои хонавода»-ро, ки падарам таъсис дода буд, дорам. Идораи «Фирӯза», ки даҳ сол кор кардам, як мактаби хубе буд барои ман. Инчунин, нашриёти «Афсона», ки бо табъу нашри китобҳо машғул буд, пурра ба ӯҳдаи ман буд. Китобҳои бадеӣ нашр мекардем, тамоми мағозаҳои китоб аз хизматрасонии мо истифода мебурданд.

Зиндагӣ дар хонаводаи мо ба то сентябри соли 2015 ва баъди он ҷудо шуд. Пеш ман дар маъракаву чорабиниҳои шаҳри Душанбе хеле фаъол будам. Баъди ин воқеаҳо мардум аз мо як каме ҳарос доштанд. Ҳарос ба он хотир, ки мабодо онҳоро низ ба ин гирдоб наандозанд. Тайи 2 соли охир қариб тамоми рӯзи мо пеши СИЗОву суду прокуратура мегузашт. Вақтҳои охир ман мушоҳида мекардам, ки ҳама кушишҳоям ягон самарае намеоранд вале дастгирии дӯстон боз ба ман рӯҳия мебахшиду камар мебастам.

Ман баҳс карданро дӯст медоштам. Ҳамеша гуфтаамро исбот мекардам. Бо далел сухан кардан ин шиори ман аст. Баъди ҳабси бародарам, ки рӯирост ҳуқуқҳои у поймол мешуданд, албатта ман хомӯш нишаста натавонистам. Дар ҳар як мурофиа, дар ҳар як вохғрӣ бо рӯзноманигорон ман хақиқатро мегуфтам. Хуб ёд дорам, ки тобистони 2016 рӯзноманигорони Радиёи Озодӣ аз ман мусоҳиба мегирифтанд. Он вакт мавзӯъ авфи маҳбусон буд. Як нафар аз шиносон хеле хоҳиш кард, то бигӯям, ки умедворем бародари ман низ авф мешавад. Вале ман гуфтам чаро дурӯғ гӯям? Ман ку сад фоиз медонам, ки ин авф ба бародари ман умуман дахл надорад. Рости хеле дар ғазаб мешудам. Зиёд гуфтаҳоямро қайчӣ мекарданд.

Сабаби муҳоҷират ба Аврупо таҳдиди ҳабс буд. Баъди ҳабси бародарон ман пайваста дар пурсишҳои Прокуратура ва Раёсати корҳои дохилӣ будам. Ду маротиба маро рӯзноманигори «Паём.нет» гуфта, дар прокуратура тафтишот бурданд. Зимистони соли 2016 барои пешвози меҳмонони хориҷӣ, ки аз Туркия ва Москва омада буданд, таҳдиди кушодани парванда карданд.

Маро муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи  Амрико карданд, вақте августи соли 2016 бо намояндаи HRW Стив Свердлов вохӯрӣ кардам. Муфаттиши прокуратура мегуфт, ки ту иншооти стратегии мо Норакро ба онхо нишон додаи. Албатта ин хандаовар аст вале дар хакикат онхо чунин далелхоро пеш меоварданд. Вале ман ба хамаи ин нигох накарда, мавкеямро иваз намекардам. Сентябри соли 2016 ман барои иваз кардани шиносномаам рафтам ва ончо маро гуфтанд, ки тайи 2 сол аст, ки ман дар кофтукоб қарор дорам.

Қатраи охирин як нишасте буд, ки феврали соли 2017 дар Варшава баргузор гашт. Ман тавонистам дар он иштирок намоям, вале вақти баргаштан мақомот аз ин огоҳ шуданд. Дар муддати як ҳафта ман бо фарзандонам аз Тоҷикистон берун шудам.

Ман то ҳанӯз мавқеъи гурезагӣ дарёфт накардаам. Вақте аз Ватан берун гаштам, ҳомиладор будам ва ин ҷо дар Олмон фарзанди ман таваллуд шуд. Аз ҳамин сабаб баррасии парвандаи паноҳандагӣ 6 моҳ тамдид шуд. Ҳоло писарчаам 8 моҳа аст, интизори ҷавоб ҳастем. 22 март як сол мешавад, ки ман барои паноҳандагӣ ба Олмон муроҷиат кардаам.

Ҳиҷрати ногаҳонӣ барои фарзандонам гарон тамом шуд. Бо мушкилиҳои зиёд инҷо рӯбарӯ гаштам. Дар Тоҷикистон, ки ман ҳамеша пайи кор будам, фарзандони ман зери тарбияи мураббӣ буданд. Вазифаи ман онҷо таъмини рӯзгор буд, субҳ мерафтаму шом бармегаштам. Ростӣ, то ба ғизои инҷо одат кардан, хеле азоб кашидем. Зиёд нозу нуз мекарданд, гурусна мехобиданду намехӯрданд. Ҳамроҳ маблағе ҳам наоварда будам. Забонро намедонистем, ин мушкилии асосии мо буд. Фарзандони мактабхонам хеле рӯҳафтода буданд. Чунки онҷо дар мактаб фаъол буданду муносибати хуб бо ҳамсинфон доштанд. Инҷо бошад тамоман як дунёи дигар барояшон менамуд.

Ёддоште аз дафтарчаи писарам, ки синфи 7 мехонад: «Салом. Ман Тоҷикистонро хеле ёд кардам. Ман орзу доштам, ки то синфи 11 мехонам, аммо нашуд. Синфамро ёд кардам. Эҳҳҳ, хобам намебарад… Бибиямро ёд кардам, ҳамаро, хатто саги хамсояамонро ёд кардаам… Эҳ Худо..»

Падарам як рӯз пеш аз маргаш нимарӯзӣ ба мо занг зада буд. Ӯ аз аҳволи мо пурсид. Ман ҳам аҳволпурсӣ кардам, ӯ гуфт хуб ҳастам. Фикри маро накунед гуфт. Куҷое бошед, нағз бошед. Ман гапро ба дигар тараф бурда гуфтам, баҳор ҳам омад, мавсими ниҳолшинонӣ шудааст. Аммо ӯ дар бораи маргу мурдан чизе мегуфт. Ман боз ҷилави суханро ба дигар тараф кашидам.
Падарам ягон беморӣ надоштанд, чашмашон хира шуда буд. Ман ҳамарӯза аҳвол мепурсидам, ба апаам менавиштам. Ӯ ҷавоб мегуфт. Ҳар моҳ 2 маротиба мактуб мефиристодам бо аксҳои шаҳрчае, ки зиндагб мекунам. Мегуфтам, мактубро баланд хонед. Худам ҳамеша мактубҳояшро барояш баланд баланд мехондам, бо диққат гӯш медод. Вақти аз Тоҷикистон рафтан, ман ба падар гуфта будам, ки барои пешбурди кори Бузургмеҳр рафта истодаам ва ба зудӣ бармегардам. Ӯ намедонист, ки мо фирор кардаем.
Субҳи ҳамон рӯзи наҳс апаам навишт, ки вазъи падарам хуб несту ӯ ба хабаргириаш рафта истодааст. Ман интизори ҷавоб ду чашм аз вайбер намекандам. Дақиқае пас ду калима рӯи экрани телефон пайдо шуд: Бандагӣ кард!

Бузургмеҳр Коллегияи адвокатҳои “Сипеҳр”-ро аз сифр ташкил карда буд. Вале кор то он дарачае расид, ки мо ба коргоҳи баромадарм мерафтему коргарон мегуфтанд, ки ба ин ҷо наоед, ба мо проблема лозим нест.

Албатта то замоне ҳастам, ман барои ҳуқуқҳои бародарам мубориза мебарам. Бо созмонҳои ҳуқуқӣ ҳамкориҳо дорам. Созмонҳои байналмилалӣ  вазъи Тоҷикистонро ҳамеша нигаронкунанда баҳо медиҳанд. Ҳамарӯза мо мебинем, ки чӣ қадар созмонҳои бонуфуз аз поймолшавии ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон менависанду мегӯянд, аммо ин ҳама навиштаҳову гуфтаҳо ба гӯши кар сурнай навохтан барин аст. Фикр мекунам, танҳо санксияхо метавонад Тоҷикистонро як каме такон диҳад.

Китоби Бузургмеҳр пурра ҳуруфчинӣ шудааст ва дар пайи таҳрир аст. Он дар бораи вазъи зиндониён дар дохили СИЗО, шарту шароити он, пурсишҳои муфаттишон ва умуман аз воқеъаҳои 28.09.2015 то 25.02.2017 мебошад. Умедворам, ки ба зудӣ пешкаши хонандагон мегардад. Баъзе созмонҳои ҳуқуқӣ мехоҳанд ба чанд забон нашр намоянд, аммо мо холо ба хулосае наомадаем, ки китоб аз ҷониби кӣ нашр мегардад. Баъди нашри китоби Бузагмеҳр ният дорам китоби «Маҳмуди Ғазнавӣ»- падарро нашр кунам.


Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *