Рубрики Хабарҳо

Забони тоҷикӣ ба барномаи луғати онлайнии OGL ворид карда шуд (Видео)

Интишороти Oxford забони тоҷикиро ба барномаи луғати онлайнии Oxford Global Languages (OGL) ворид намуд.

Дар байни забонҳои кишварҳои Осиёи миёна, забони тоҷикӣ аввалин забоне аст, ки ба ин барнома ворид карда шудааст. Луғати онлайнӣ дар вебгоҳи OGL имконият медиҳад, ки шумо аз забони англисӣ матнро ба дигар забонҳо тарҷума кунед. Барномаи мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз шуда, он замон ҳамагӣ 10 забон вориди ин барнома буд. Дар солҳои минбаъда барнома ба таври лозимӣ коркард шудааст. Мақсади барномаи мазкур ин аст, ки имконияти тарҷумаи онлайнии тақрибан 100 забонҳои машҳури дунёро ба истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии интернет таъмин кунад.

Барои барномаи  онлайнии китоби луғати англисӣ -тоҷикии профессор Абдусалом Мамадназаров истифода шудааст, ки ин китоби луғат дорои зиёда аз 100 ҳазор калима ва ибораҳои алоҳида мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *