Рубрики Хабарҳо

Шарофиддин Гадоев: Ба “Умед-88” оилаи раисҷумҳур дарафтодааст (Навор)

Фаъоли сиёсии тоҷик ва ҳамсафи Умаралӣ Қувватов дар тиҷорату сиёсат Шарофиддин Гадоев дар як пахши мустақими фейсбукӣ эълон кард, ки қазияи ширкати фурӯши сӯзишвории “Умед-88” мустақиман ба хонаводаи раисҷумҳур рабт дошта, сенориюнависи ин ғасби рейдерӣ ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон — Азизамоҳ Асадуллоева ва иҷрокунандагонаш домоди онҳо Шамсулло Соҳибов ва духтарашон Рухшона Раҳмон аст.

Гадоев ҳамсари раисҷумҳурро, ки қаблан аз ӯ кам сӯҳбат мешуд ва то ҳол касе расман дар ҳамдастӣ бо домоду духтаронаш гунаҳкор накардааст, яке аз ғосибони асосӣ дар ҳукумати Тоҷикстон номид, ки қаблан ҳам дар ғасбкуниҳои зиёде даст доштааст.

Шарофиддин маълумоти бештареро дар бораи ширкати “Умед-88” ироа кард, ки тибқи гуфтаи ӯ арзиши ин ширкатро коршиносони “Лукойл” дар соли 2000-ум 200 то 220 миллион доллар муайян кардаанд. Ӯ бо такя ба коршиносон, арзиши “Умед-88” дар ҳоли ҳозирро 260-270 миллион номид ва гуфт ин ширкат солона дар Тоҷикистон 360 ҳазор тон сӯзишвории дизеливу бензин ва 90 ҳазор тон гази моеъ мефурӯшад. Маблағи фурӯши сӯзишворӣ 330 миллион доллар ё 3 миллиард сомониро ташкил дода, арзиши худи ширкати “Умед-88” ҳудуди 2,5 миллиард сомонӣ ҳисобида шудааст. Ин ширкат солона 36-38 миллион доллар ва моҳона 3 миллион доллар фоидаи соф меорад.

Гадоев мутмаъин аст, ки “Умед-88” танҳо аз фоидаи софи ба даст меовардааш қодир аст қарзи вазорати молияро дар шаш моҳ пардохт кунад ва ҳеҷ далеле ҷуз ғасби моли як тоҷир барои манъи фаъолияти ин ширкат вуҷуд надошт. Танҳо захираҳои сӯишвории ин ширкат тибқи ҳисоби коршиносоне, ки Гадоев мегӯяд бо онҳо сӯҳбат кардааст, 40-50 миллион доллар арзиш доранд, ки мешавад давоми чанд рӯз фурӯхту ба пули нақд табдил дод.

Дар ширкати “Умед-88” тибқи гуфтаи Шарофиддин 1200 нафар кор мекунанд ва моҳонаашон ҳам баланд буда, то кунун бидуни ҳеҷ таъхире пардохт гардидааст. Танҳо моҳонаи моҳи октябр бинобар манъи амалиёти пулӣ дар ин ширкат пардохт ношуда боқӣ мондааст. Ин ширкат дар назди кумитаи андоз ҳам ҳеҷ масъулияте надошта, ҳамаи андозҳояш пурра пардохт шудаанд.

Маблағе ҳам, ки Вазорати молия даъво дорад гӯё “Умед-88” қарз гирифтаву барнагардонидааст, бо дархости ин вазорат ва розигии ҳукумату вазорати иқтисод ва имзои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тибқи шартнома аз 15-уми майи соли 2015 барои се сол қарз дода шудааст. Мӯҳлати пардохти қарз на танҳо нагузашта, ҳатто фаро нарасидааст. Гадоев мегӯяд ин қарзро ба “Умед-88” худи Вазорати молия пешниҳод кардааст ва Одинаев онро бо дили нохоҳам гирифтааст.

Аз пардохти ин қарз ба ширкати “Умед-88” ба гуфтаи Шарофиддин, Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳур, ки он вақт ба ҳайси ҷонишини вазири молия кор мекард 1 000 000 доллар, вазири молия Абдусалом Қурбониён 200 000 доллар, раиси НОБ “Роғун” 50 000 доллар “ҳақ”-и худро мегиранд.

Шарофиддин Гадоев дурӯғҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва раисҷумҳури Тоҷикистонро нисбати қарзи “Умед-88” аз вазорати молия низ ифшо карда гуфт: “агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар изҳороти расмияш эълон кард, ки гӯё мӯҳлати шартнома байни ин ширкат ва вазорати молия то 31-уми декабри соли 2015 будааст, дар ҳоле ки он то 15-уми майи соли 2018 аст. Раисҷумҳур ҳам дар баромадаш бо садои баланд эълон кард, ки ширкати “Умед-88” се-чор сол аст, ки пули давлатро бо роҳи фиреб ба даст оварда, на фоизаш ва на худи маблағро бар намекардонад. Дар ҳоле, ки аз гирифтани маблағ ҳамагӣ 2 молу 5 моҳ гузаштааст ва агар мӯҳлати шартнома то 31-уми декабри соли 2015 ҳам мебуд, ҳамагӣ 1 соли нӯҳ моҳ бояд мегуфт на 3-4 сол”. Гадоев амалан раисҷумҳурро ҳам дар даст доштан дар ғасби моликияти Раҷабалӣ Одинаев муттаҳам донист.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати молия Бахтиёр Қобилов эълон кард, ки “бори аввал нест, ки мо ба “Умед-88” огоҳӣ мефиристем. Соли саввум аст, ки мо бо ин ширкат баҳси додгоҳӣ дорем”. Аз гуфтаи ин масъули Вазорати молия мешавад хулоса кард, ки баҳси додгоҳӣ барои баргардонидани қарз шаш моҳ қабл аз гирифтани қарз шурӯъ шудааст.

Гадоев мутмаин аст, ки Одинаев озод нахоҳад шуд, чун дар сурати озод шуданаш дурӯғҳои раисҷумҳур, вазорати молия ва агентии назорати молиявӣ ифшо шуда, ғасби рейдерии Рухшонаву Шамсуллоҳ ноком хоҳад гашт. Ӯ мегӯяд дар ҳоле Одинаевро барои 170 миллион сомонӣ қарзи ҳанӯз мӯҳлаташ фаро нарасида боздошт карданд, ки Тоҷиддин Пиров — молики “Тоҷиксодиротбонк” аз ҶСК “НОБ-и Роғун” беш аз 200 миллион ва аз мардум беш аз 350 миллион қарздор аст ва мӯҳлати қарз кайҳо фаро расидааст. Аммо боздошти Пировро ҳам танҳо масъалаи вақт донист ва гуфт “ӯро танҳо ба он хотир то ҳанӯз боздошт накардаанд, ки алайҳи “оила” компромати зиёд дорад”.

Шарофиддин ҳамчунин гуфт 7 сол қабл Шамсуллову Рухшона бо ҳамроҳии Азизамоҳ Асадуллоева як анбори бузурги нигоҳдории сӯзишвории Раҷабалӣ Одинаевро ғасб карда буданд. Баъди он Одинаев маҷбур шуд тамоми анборҳои нигоҳдории сӯзишвориро аз нав бунёд кунад.  

Гадоев ҳамсари раисҷумҳурро назоратгари тамоми бизнесҳои бузург дар кишвар номид ва аз ҳодисае нақл кард, ки худаш шоҳид будааст. Ӯ гуфт “дар утоқи кории Фаттоҳ Саид будем, ки Азизамоҳ занг зад ва Фаттоҳ Саид аз ҷояш париду як даст дар гӯшӣ ва дасти дигар рӯи сина бо ӯ сӯҳбат кард. Чунон таъзиму эҳтиром мекард, ки гӯё Азизамоҳ ӯро мебинад… Ҳарчанд духтарон ва домодҳояш ба ҳамаи бизнесҳо дастдарозӣ мекунанд, ҳарфи охирон барои тамоми вазиру кабир ҳарфи Азизамоҳ аст.”

Иштиҳои Шамсулло Саидов, тибқи гуфтаи Гадоев, баъди ғасби бизнеси Умаралӣ Қувватов бузургтар шудаву ба “Умед-88” ҳамон замон чашм дӯхтааст. Ӯ кушиш кардааст бо гузаронидани тафтиши молиявӣ дар ин ширкат айбкро пайдо намуда, роҳро барои ғасби он ҳамвор созад, вале бинобар ҷой надоштани ҳеҷ камбуде муваффақ нашудааст.  

Шарофиддин Гадоев бо такя ба манобеъи шахсиаш гуфт, ки аллакай кормандони ширкати «Фароз», ки муттааллиқ ба Шамсулло Соҳибов аст, дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ва амборҳои «Умед-88» дида шудаанд. Ӯ гуфт ширкати «Умед-88» яке аз калонтарин андозсупорандагон буд, вале бо гузаштан ба дасти оилаи раисҷумҳур дигар андозе нахоҳад пардохт, чун ширкатҳои мутааллиқ ба оила аз пардохти андоз ҳамеша худдорӣ мекунанд.

Гадоев ҳамчунин гуфт, кор бо Раҷабалӣ Одинаев тамом намешавад. Дар навбати боздошт ва ғасби амвол аз тарафи оила тибқи гуфтаи ӯ Муродалӣ Алимардонов, Тоҷиддин Пиров, Аваз — молики бозори «Саховат» ва ғайра истодаанд.

Дар охир Шарофиддин Гадоев аз мардум, тоҷирон ва кормандони мақомоти давлатӣ даъват кард дар мубориза бо «оилаи муфтхӯр» саҳим бошанд ва нагузоранд, ки ин оила Тоҷикистонро пурра ба моликияти шахсияш табдил диҳад.

Баромади Шарофиддин Гадоевро инҷо бубинед:

Жена президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона — Азизмо Асадуллаева — режиссер рейдерского захвата бизнеса «Умед 88″Текст моего выступления на русском языке, вы можете прочитать позже на портале tajinfo.org

Posted by on Sunday, October 29, 2017

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *