11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Созмони милал: шоҳиди наслкушии мусулмонони ароконӣ ҳастем

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал эълом кард, нишонаҳои қавии далолаткунанда бар наслкушии мусулмонони ароконӣ аз 25 августи сол 2017 то кунун вуҷуд дорад.

Зайд Раъд Ҳусайн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмон милали муттаҳид, тайи суханоне дар сивуҳафтумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон дар дафтари он дар Женева гуфт, нишонаҳои қавие, ки наслкушии мусулмонони арокониро аз 25 августи соли 2017 то кунун тасдиқ мекунад, вуҷуд дорад.

Вай афзуд, ки “нигарониҳои банда нисбат ба ҳудуди 900 ҳазор мусулмони ароконӣ, ки маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд ва наслкушии ҷомеаи мусулмон дар Миёнмор аст, ки идома дорад”.

Ҳусайн тасреҳ кард: «дафтарам (дафтари Шӯрои ҳуқуқи башар) мӯътақид аст, ки куштори қавмӣ дар Арокон ҳанӯз ҳам идома дорад».

Вай бо ҳушдор ба ин ки давлати Миёнмор дар талош барои нобудии асноди «ҷароими байналмилал»-и эҳтимолӣ аст, гуфт: қурбониён гузориш доданд, ки мусулмонони Арокон тавассути нерӯҳои амниятӣ ва шибҳинизомиёни маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ, шиканҷа ва қатл қарор мегиранд ва ба далели адами дастрасӣ ба манобеъи ғизо, амдан гурусна нигаҳ дошта мешаванд. Дафтари ман дар бораи идомаи куштор аз моҳи августи соли гузашта дар устони Арокон шубҳаҳои қавӣ доранд.

Ҳусайн ҳамчунин дар хитоб ба Шӯрои ҳуқуқи башар хостори он шуд, то барои муҳокимаи масъулони ҷароими иъмолшуда алайҳи мусулмонон як мехонизми ҷадиди бетараф ва мустақил эҷод шавад.

Бар асоси охирин омори Созмони милал аз оғози хушунат дар Миёнмор дар таърихи 25 августи 2017, ҳудуди 700 ҳазор мусулмони ароконӣ ба Бангладеш паноҳ бурдаанд. Дар ин ҳамалот ҳазорон ғайринизомии ароконӣ кушта ва ҳудуди 350 русто тавассути артиш ва буддоъёни ифротӣ ба оташ кашида шудааст.

Аз соли 1970 то кунун 84 дарсади ҷамъияти 2 миллионии мусулмонони Арокон дар пайи хушунатҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба кишварҳои атроф гурехтаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *