Categories Хабарҳо

Ғасби рейдерии боз ду ширкати бузург аз тарафи домоди Эмомалӣ Раҳмон

Маркази савдои «Вефа» ва ширкати қуръакашии «Лото-Спорт» минбаджд ба ширкати саҳҳомии «Фароз», ки моликаш домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов аст, тааллуқ дорад.

Тибқи маълумоте, ки ба Паем расид, Маркази Вефа ва Лото-Спорт сар аз ооози март таҳти номи тиҷории (бренд) «Фароз» фаъолият мекунад.

Айни ҳол созмондеҳии муҷаддади Вефа ҷараён дорад. Лото-Спорт бошад дар сомонаи расмиаш чунин эълон кардааст: «Муштариён, шарикон ва дӯстони гиромӣ! Идораи марказии мо бомуваффақият ба бинои Маркази Вефа кӯчид. Мо дар қаноти чапи бино, дар ошёнаи якум ва дуюм мустақар шудем. Хуш омадед «.

Ин аввалин мавриди ғасби рейдерӣ аз тарафи наздикони раисҷумҳур нест. Худи ширкати Фароз ба тоҷири марҳум Умаралӣ Қувватов тааллуқ дошт, баъдан Соҳибов онро ғасб кард. Дертар Қувватов дар Истамбул кушта шуд.

Бинои замонавии 12 ошёнаи Маркази Вефа ба ширкати туркии Озгун Строительство и торг таллун дошт, ки соҳиби он ба алоқа бо мухолифи турк ва раҳбари ҳаракати «Хизмат» Фатҳулло Гюлен муттаҳам мешуд. Ба ширкати Ozgun Строительство и торговля ҳамчунин конселярияи NT тааллуқ дошт, ки дар маркази Душанбе воқеъ гардидааст. Айни ҳол NT-ро тоҷирони маҳаллӣ идора мекунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, дороии ширкати фурӯши сӯзишвории «Умед-88», ки рақиби Фароз дар бозори сӯзишворӣ буд, ба фурӯш гузошта шудааст. Молики он Раҷабалӣ Одинаев чанд мош қабл ба иттиҳоми барнагардонидани қарзи аз давлат гирифтааш ба ҳаҷми 171 миллион сомонӣ боздошт шуда буд. Ҳоло аз 69 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ин ширкат, ки якеи аз онҳоро дар маркази шазр 13 миллион нарзгузорӣ кардаанд, танҳо 3-тои он ба фурӯш рафтааст. Коршиносон тахмин мезананд, ки бад зудӣ бо ташкили як музоядаи ҷаълӣ ин ширкат ҳам моликияти Фароз хоҳад шуд.

Шамсулло Соҳибов шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова аст. Ӯ солҳои дароз вазифаи намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Бритониёро иҷро мекард, дар ҳоле, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Бритониё ба сифр баробар аст.  

Айни ҳол ба Шамсулло Соҳибов ширкати Фароз таъаллуқ дорад, ки тамоми бозори сӯзишвории кишварро инҳисорӣ (монополия) кардааст. Ин ширкат молики саддарсадии Автосантал ҳам ҳаст, ки бозори омӯзиши ронандагӣ ва ҳуҷҷатҳои ронандагиро дар ихтиёр дорад. Камераҳои назоратии роҳҳои Душанбе, осоишгоҳи Сафеддара ҳам моли Фароз аст.  

Соҳибов бозори фурӯши шираи камолро низ инҳисорӣ кардааст. Ҳамчунин ба интиқоли пинҳонии сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул аст. Дар истецсоли ангишту тилло ҳам ширкат мекунад. Кони тиллои «Заринка» дар Ҳоит ба ӯ таъаллуқ дорад.

Шарофиддин Гадоев, мухолифи тоҷик, ки қаблан ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов бо Соҳибов ҳамкор будааст, дар мусоҳибааш бо Паём гуфта буд, ки бизнесҳои Шамсулло ба ӯ имкон медиҳад ҳар моҳ ба офшор 2,5 миллион доллар интиқол диҳад.

Шамсулло Соҳибов офшори худро дар ҷазираҳои Вирҷин таҳти номи Шамсулло Сахибов бунён гузоштааст. Бозӣ бо ҳарфҳо дар ному насаб ҷустуҷӯ ва муайян кардани соҳибони офшорҳоро мушкилтар мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳои панамагӣ, Шамсулло Соҳибов ширкати худро дар нишонии пустии (почтовый адрес) Мейтленд-Корт; Lancaster Terrace; Лондон W2 3PE ба қайд гирифтааст. Пулҳояшро Соҳибов тавассути ширкати миёнарави MOSSACK FONSECA & CO. (UK) LIMITED, воқъъ дар Бритониё ба ширкати офшории худ GLATTO MANAGEMENT LTD интиқол медиҳад. GLATTO MANAGEMENT LTD ҳанӯз соли 2011 дар ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст.

GLATTO MANAGEMENT LTD Ягона ширкати офшорие нест, ки ба Соҳибов тааллуқ дорад. Ширкатҳои дигар бо номҳои бегона ба қайд гирифта шудаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *