Нависандаи тавоно ва муҳаққиқи тоҷик Абдуқодири Рустам, дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” гумонбар шуда, ба ҳабс гирифта шудааст.
Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба посухи Додситонии кулл ба дархости хаттии ин хабаргузорь хабар додааст.
Ин ниҳод тасдиқ карда, ки Абдуқодири Рустам рӯзи 31-уми август боздошт гардидааст, аммо бо ишора ба моддаи 177 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модаи 6, банди “ж” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ намудааст.
Ҳамчунин, Додситонии кул таъкид кардааст, ки тибқи талаботи моддаи 15 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.
Қаблан манбаъ бо такя ба додаҳои як маъмури мақомоти қудратӣ гуфта буд, боздошти Абдуқодири Рустам ба таҳқиқи парвандаи Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва мудири Бемористони “Ибни Сино” рабт дорад ва нависанда пештар дар доираи ин парванда чанд маротиба бозпурсӣ шуда буд.
Тахмин меравад, ки боздошти Абдуқодири Рустам ба нашри китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” рабт дорад, ки моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Дар китоби мазкур муаллиф ба Абдуқодири Рустам вироиш ва тасҳеҳи матн арзи сипос кардааст.
Наздикони Абдуқодири Рустам бо расонаҳо дар ин бора суҳбат намекунанд.
Абдуқодири Рустам, ки бо пайванд бо ин китоб боздошт шудааст, 65 сол дорад ва дар гузашта дар нашриёти “Ирфон” кор карда, як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кардааст. Вай муаллифи чанд роман ва омодакунандаи “Девон»-и Рӯдакӣ мебошад.