Сафари ногаҳонии Алиев ба Тоҷикистон
Дирӯз 14 сентябр Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, бидуни эълони қаблӣ ва ғайриинтизор вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Мулоқоти ду раисҷумҳур паси дарҳои баста сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои озарбойҷонӣ менависанд Алиеву Раҳмон муносиботи иқтисодии ду кишвраро баррасӣ кардаанд.
Сафари ногаҳонии Алиев ба замоне рост омад, ки раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ омадаанд. Нишасти панҷуми машваратии онҳо дар рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Душанбе мегузарад ва чанд моҳ пеш эълон шуда буд.
Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон Илҳом Алиевро «меҳмони фахрӣ» дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ номид. Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар мулоқоти ҷудогона «ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон»-ро баррасӣ намудаанд.
Вебсайтҳои рӯ ба ҳукумат дар Озарбойҷон навиштанд, ки мулоқот паси дарҳои баста гузашт. Ҷузъиёт нашр нашудааст.
Коршиносон ба ин назаранд, ки сафари Алиев ба Тоҷикистон ба вазъи Қарабоғи Кӯҳӣ ва ташдиди муносиботи ин Озарбойҷон бо Арманистон бастагӣ дорад. Зоҳиран Алиев мехоҳад ҳамроҳ бо пуштибонии кишварҳои туркзабони минтақа, симпатияи Душанберо низ ба даст орад.