Рубрики Хабарҳо

Ба хидматчиёни давлатии Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзӣ ҳатмӣ шуд

Кормандони ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ба машқҳои пагоҳирӯзии рӯзҳои шанбе уҳдадор шуданд.

Сарфи назар аз рӯзи корӣ ё истироҳат будани ин сана, бидуни истисно дар он бояд ҳамаи хизматчиёни давлатӣ иштирок кхоҳанд кард.

Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонони назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  бо нишондоди мавзеву макони чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” хабар додааст.

Ин навгонии меросмонда аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 10 март кормандони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон назди маҷмааи «Манеж» ба машқи пагоҳирӯзӣ баромаданд.

Шанбеи ҳафтаи оянда, 17 март кормандони Кумитаҳои телевизиону радио, идоракунии замин ва геодезия, ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин донишҷӯёни Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи омӯзгорӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул хоҳанд шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *