Дар ҳодисаи инфиҷори капсули газ дар қатораи мусофирбарӣ дар наздикии шаҳри Лиёқатпури Покистон 62 нафар ҷон бохтанд.
Шайх Рашид Аҳмад раиси ширкати роҳи оҳани Покистон эълом кард: Дар ҳодисаи инфиҷори капсули газ дар қатораи мусофирбарӣ, ки аз шаҳри Карочӣ озими Ровилпандӣ буд, се вагон дучори ҳариқ шуд ва 62 нафар ҷон бохтанд.
Вай афзуд: Ин ҳодиса дар наздикии шаҳри Лиёқатпур рух дод; Капсули гази мусофиратӣ, ки мусофирон барои омода кардани субҳона ба ҳамроҳ доштанд мунфаҷир ва оташсӯзи эҷод шуд.
Амир Темур, раиси полиси минтақаи Раҳимёрхони шаҳри Лиёқатпур низ ба хабарнигорон гуфт: Сӯхтор се вагони қатораро комилан дар бар гирифт ва ба далели шиддати инфиҷор шумори қурбониён ба 62 нафар афзоиш ёфт.
Артиши Покистон барои имдод ва наҷоти мусофирон ба маҳалли ҳодиса нерӯ эъзом кард.
Артиши Покистон ҳамчунин эълом кард, ки барои интиқоли беморон, ки вазъияти онҳо вахим аст болгард ба минтақаи ҳодиса эъзом хоҳад кард.