Раиси вилоят аз вазъи шиногоҳи соҳили Сирдарё дидан кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз вазъи кунунии шиногоҳи соҳили Сирдарё дар шаҳри Хуҷанд боздид кард. Инҷо дар фасли тобистон макони серодам ва мавзеи дӯстдоштаи истироҳатии сокинону меҳмонони шаҳр мебошад.
Зимни боздид аз ин мавзеи фароғатӣ ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо наздик шудани мавсими оббозӣ, тамоми шароити лозима барои истироҳати шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст. Таъмини бехатарӣ низ дар мадди назари масъулин қарор дошта, барои ҳифзи ҷону саломатии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода инчунин аз вазъи фаъолияти бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳри Хуҷанд шинос шуда, ба роҳбарияти он дастур дод, то барои расонидани кӯмаки фаврӣ ҳамеша омода бошанд.
Таъкид гардид, ки бахш бо техникаву таҷҳизоти муосир – заврақҳои моториву резинӣ, гидросиклҳои обӣ, киштиҳои назоратӣ, нақлиёти махсуси наҷотдиҳӣ ва дастгоҳҳои ғаффосӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳамарӯза 10 нафар корманди омӯзишдида дар навбатдорӣ қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди шиногоҳ инфрасохтори муосир – майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла майдони волейболу мизи теннис, соябонҳо, утоқҳои ивази либос ва ҳавзҳои сунъӣ барои кӯдакон муҳайё карда шудааст. Гузашта аз ин, ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик ду шиногоҳи нав – яке дар назди тарабхонаи “Форел” ва дигаре дар Боғи “Ғалаба” мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube