Расонаҳои русӣ аз ҷон бохтани зану шавҳари тоҷик ва захмӣ шудани ду фарзанди онҳо дар як садамаи автоммобилӣ дар шоҳроҳи Ростов – Иваново – Нижний Новгород хабар медиҳанд.
Тибқи гузориши расонаҳои русӣ шоми 28 октябр ронандаи мошини ВАЗ-2107 аз ӯҳдаи идораи он набаромада аз шоҳроҳ хориҷ мешавад ба дарахт бармехӯрад. Дар натиҷа, марди 43-сола ва ҳамсари 40-солааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Дар мошин ду фарзанди онҳо – кӯдаки 5 моҳа ва духтари 16 сола низ қарор доштаанд, ки бо захмҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Манобеъи Паём мегӯянд марду зани ҷонбохта тоҷик будаанд. Мардро Қорӣ Дилшод меноманд, ки дар Миср таҳсил кардааст ва қории Қуръон ҳам будааст. Мутаассифона манобеъ натавонистанд насаби Қорӣ Дилшодро муайян кунанд.