Ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки соли 2015 бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид, то ҳол аз дастовардҳои ҳукумати ноҳия ва ҳатто кишвар талаққӣ мешавад. Аммо паси пардаи ин ҷашн саҳнаҳое намоишнадода боқӣ мондаанд, ки асосан саҳнаҳои трожедӣ ҳастанд.
Якуним сол қабл аз ҷашн, ҳанӯз дар авоили соли 2014 ҳукумати ноҳия ба аз хонаҳояшон хезондани даҳҳо оила ва вайрон кардани хонаҳои онҳо шурӯъ кард. Ба бехонашудаҳо ваъда доданд, ки дар камтарин фурсат барояшон замин ҷудо гардида, маблағи хонаҳояшон пардохт хоҳад шуд.
Аммо бо гузашти беш аз 5 сол мардум на танҳо маблағи хонаҳои вайроншудаашро нагирифтааст, балки ба қисмати зиёди онҳо ҳатто замин ҷудо нашудааст. Ба арзу шикоятҳояшон бошад ҳамеша посухи яксон мегиранд.
Қарори раиси шаҳри Ҳисор дар бораи додани қитъаи замин ба онҳое, ки хонаҳояшон бо сабаби бунёди иншооти ҷашнӣ вақрон карда мешавад ва пардохти маблағи сохтмони хонаи нав ба онҳо ҳанӯз 2 апрели соли 2014 таҳти рақами 448 имзо шудааст. Қимати хонаҳои вайроншуда низ ҳамон замон муайян гардида, қарори пардохти маблағи хонаҳо содир шудааст. Аз он замон қурби пули миллӣ ду баробар коҳиш ёфта, қимати маҳсулоти сохтмон низ ҳамин қадар боло рафтааст.
Яке аз ин ҷабрдидаҳо сокини шаҳри Ҳисор Хуршед Тоҳиров аст, ки хонаҳояш ба хотири ҷашн вайрон карда шуданд. Ӯ мегӯяд борҳо ба мақомот муроҷиат кардааст ва 4 маротиба ба қабули раиси ноҳия ҳам рафтааст. Вале посухи раис ҳамеша яксон аст: ҳамин, ки моҳонаи мардумро пардохт кардем, маблағи хонаи шуморо пардохт мекунем.