Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дирӯз, 20 июн дар ҳошияи Конфронси Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (ODIHR), ки дар Вена баргузор шуд, бо теъдоде аз ҳайатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дидору гуфтугӯ доштааст.
Дар ин бора Муҳиддин Кабирӣ дар саҳифаи твиттериаш хабар додааст.
“Возеҳ аст, ки мавзӯъи Укроин дар авлавият қарор дорад. Аммо хушҳолам тафоҳуме вуҷуд дорад, ки набояд Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро фаромӯш кард”.
Мавзӯъи гуфтугӯи раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон бо ҳайатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ифшо намешавад.
Дар ПМТ ҳам аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.