Масъалаи тағйири сиёсат дар умури муҳоҷиратро Вазоратҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия ба баррасӣ гирифтаанд
Антон Котяков, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, гуфт, дар бархе минтақаҳои кишвар аллакай камбуди шадиди муҳоҷирон эҳсос мешавад.
Котяков изҳор дошт: “Вазъ дар умури муҳоҷирон вобаста ба минтақаҳои Русия гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар қисме аз минтақаҳо аллакай норасоии шадиди муҳоҷирон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузоштаамон, эҳсос мешавад”.
Вазири меҳнати Русия таъкид кардааст, ки феълан якҷо бо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар тағйирот дар умури муҳоҷиратро баррасӣ доранд. Дар ояндаи наздик пешниҳодоти мушаххасро ироа хоҳанд кард.
Қаблан Агентии иттилоотии Новости бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Русия аз эҳтимоли афви сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар хабар дода буд.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи пандемия то 12 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, ки аз ин танҳо 2,5 миллион нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ дода гуфта буд, “Пешниҳод шуд, ки дар Русия афви сартосарӣ эълон карда шавад, то муҳоҷироне, ки ғайрирасмӣ ё нимарасмӣ дар Русия қарор доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Ҳамин тариқ сабти оммавии давлатӣ амалӣ карда шавад”.
Манбаъ таъкид карда буд, ки феълан ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.