Мақомоти Консулгарии Тоҷикистон дар Истамбули Туркия ба масъулини пулиси Туркия аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд, то онҳо раҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроби Зафарро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.
Дагир Хасавов, вакили дифоъи шинохтаи Русия дар саҳифаи фейсбукиаш бо истинод ба манбаъаш дар Истамбул дар ин бора хабар додааст. Ӯ навиштааст “худи ҳозир аз манобеъи мӯътамад иттилоъ расид, ки ба маркази пулиси “Гуверчинтеппе” дар Истамбул, ки Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарипов онҷо қарор доранд, аз номи Эмомалӣ Раҳмон кормандони Консулгарии Тоҷикистон омада хоҳиш кардаанд ба онҳо иҷоза диҳанд худи ҳамин рӯз боздоштшудагонро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.”
Хасавов тахмин задааст шояд кормандони консулгарӣ “хоҳиши атои як чунин тӯҳфаи наврӯзӣ ба Эмомалӣ Раҳмон”-ро доранд.
Ин вакили дифоъи чечениасли Русия ҳамчунин иттилоъ додааст, ки чанд моҳ қабл мақомоти Туркия аз роҳбарияти “Гурӯҳи 24” дархост карда буд ин кишварро тарк кунанд, вале бинобар гузаштани мӯҳлати ҳуҷҷатҳояшон онҳо натавонистаанд ин корро анҷом диҳанд.
Хасавов гуфтааст имрӯз вакилони турк ба Додгоҳи конститутсионии Туркия муроҷиъат хоҳанд кард, то аз истирдоди Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов ҷилавгирӣ кунад.
Сӯҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия рӯзи 19 март бо дархости ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби пулиси Туркия боздошт шуданд.
Рӯзи 04 феврали соли ҷорӣ Нуъмонҷон Шарипов, фаъоли ҲНИТ низ аз ҷониби пулиси турк боздошт ва сипас 16 феврал ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ҳарчанд худи ӯ се маротиба бо расонаҳо тамос гирифта, гуфт дар озодӣ қарор дорад, коршиносон ва масъулин ҲНИТ ба ин назаранд, ки ин танҳо бозии мақомоти Тоҷикистон аст ва Нуъмонҷон Шарипов дар боздошт қарор дорад.