Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 9 октябр эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон
1 доллари ИМА — 10 сомониву 33 дирам
1 евро – 12 сомониву 24 дирам;
100 рубли русӣ 13 сомониву 48 дирам мебошад.
******
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1900 доллар муомила шуд.
******
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 40 доллар 37 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 38 доллару 08 сент муомила шуд.
**********
Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи сентябр бо назардошти бақияи солҳои гузашта зиёда аз 74,8 млн сомонӣ, ҳудуди 7,2 млн долларро ташкил дод. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ корфармоҳо ба кормандони худ аз музди меҳнат беш аз 40,5 млн сомонӣ, қариб 4 млн доллар қарздор шудаанд.
Қарзи аз ҳама баландарин аз музди меҳнат имсол моҳи апрел 15,1 млн сомонӣ ва моҳи август 10,8 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши қарз аз музди меҳнат қариб дар ҳама навъҳои фаъолияти иқтисодӣ ба мушоҳида мерасад.
Қарзи аз ҳама зиёд дар соҳаи саноати коркард (21,8 млн сомонӣ), сохтмон (19,3 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,8 млн сомонӣ) ва соҳаи нақлиёт (8,7 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳаҷми пешбинишуда мутаносибан 984 ҳазор ва 324 ҳазор сомонӣ камтар маош гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус ба фаъолияти аксари бахшҳои иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида, аз ин рӯ, корфармоҳо имкон надоранд, ки саривақт ва пурра кормандони худро бо маош таъмин намоянд.
Ин дар навбати худ, мардумро водор месозад, ки ба амалҳои номатлуб, то худкушӣ даст зананд. Ба гунаи мисол, рӯзи 26 октябр корманди хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шерафган Хоҷақулови 38-сола бо истифода аз силоҳи хизматиаш ба худкушӣ даст зад.
Пайвандони Хоҷақулов ин амалро чунин маънидод мекунанд, ки ӯ муддати 9 моҳ маош нагирифта будааст. Дар фурудгоҳ , ки маоши Хоҷақулов пурра пардохт шудааст.
Музди меҳнат моҳи август дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1256 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 122 доллар баробар аст.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3362 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2559 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2414 сомонӣ) ва сохтмоничиён (2369 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 554 сомонӣ сабт шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.
Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 27 октябр дар Душанбе нахустин ҷаласаи васеи Ситоди корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат дар ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ситоди корӣ охири моҳи сентябри соли ҷорӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.
Дар ҷаласаи ситод таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин кормандони масъули шаҳрдории Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд, дафтари матбуоти Вазорат.
Дар ҷаласаи ситод мушкилоти марбут ба қарзҳо аз музди меҳнат дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баррасӣ шуданд.
Ба сохторҳои дахлдори шаҳрдории пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ дастур дода шуд, ки дар муддати се моҳ мушкилоти мавҷуда дар ин самтро бартараф намуда, ба ситод ҳисобот диҳанд.
********
Сарфи назар аз коҳиши иқтисоди ҷаҳон, ки ба паҳншавии сирояти коронавирус марбут аст, Тоҷикистон дар муқоиса бо соли равон ҳаҷми буҷети давлатии худро ба андозаи 6,1% афзуданист.
Бино ба хадамоти матбуоти сарвари давлат, 27 октябр таҳти раёсати президенти мамлакат, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардида, дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, аъзои ҳукумат Барномаи қарзгирии давлатии берунаи ҶТ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.
Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 млрд сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 млрд сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 млрд сомонӣ бо афзоиши 890 млн сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 110 млн сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба коҳишёбии қисми даромади буҷети давлатӣ дар заминаи таъсири манфии омилҳои беруниву дохилӣ ба иқтисоди кишвар ва вобаста ба ин дар соли ҷорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани даромади буҷет ҳукумати кишвар зарур донист, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро аз 1 сентябри соли 2020 баланд бардорад.
Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 млрд сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 млрд сомонӣ бо афзоиши 592 млн сомонӣ, тандурустӣ 2,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 509 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 млрд сомонӣ бо барзиёдии 262,7 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 млрд сомонӣ бо афзоиши 69,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои дохиливу берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва хароҷоти иловагии буҷет дар иртибот ба пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи бемории КОВИД-19, ҳаҷми маблағгузории дигар соҳаҳо низ дар соли 2021 бо афзоиш ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурд.
Сарвари давлат барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои он барои солҳои 2022-2023 вазифаҳо гузошт.
Аз ҷумла иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи ҳукумат, зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот.
Дар ин асос ба зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар ҷиҳати иҷрои қатъии супоришҳои ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин замина зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра дастур дода шуд.