Як гурӯҳи 20-нафараи намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои наврӯзии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омаданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додаанд, меҳмонон ба шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд ташриф овардаанд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, шоирону нависандагон, ҷавонон ва сокинони шаҳр пешвоз гирифтанд. Сипас меҳмонон аз масҷиди «Шайх Маслиҳаддин» ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳр боздид намуданд.
Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти КМ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд шинос шуданд. Сафари гурӯҳи меҳмонон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Самарқанд Мӯнис Восиев дар шаҳри Истаравшан идома ёфт.
Сипас, дар тарабхонаи «Се додарон» – и шаҳр бо иштироки ҳунармандон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар назар аст, ки меҳмонон зимни ин сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, дар барномаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла, чорабинии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Панҷакент сурат мегирад, иштирок намоянд.