Пас аз гирдиҳамоӣ дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар Берлин, мухолифони тоҷик ба назди Бундестаг — парлумони Олмон ҳаракат карданд ва ҳоло қисме аз онҳо бо шиору плакатҳо назди он қарор гирифтаанд.
Баробари анҷоми тазоҳарот дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон гирдиҳамомадагон баёнияи худро дар даромадгоҳи сафоратзонаи Тоҷикистон гузоштанд ва ба тарафи Бундестаг ҳаракат карданд.
Тазоҳургарон аз ҳукумати Олмон талаб доранд, ки аз кӯмак ба режими Тоҷикистон, ки он кӯмакҳоро барои саркӯби мухолифон ва тақвияти пояҳои режим истифода мекунад, худдорӣ намояд.
Паём аз ҷараёни ин тазҳурот ҳам мустақиман гузориш хоҳад дод.
Пахши мустақими ин гирдиҳамоиро дар саҳифаи фейсбукии Паёми мардум метавонед тамошо кунед.