Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи муздури “Вагнер” дар як навори эҳсосӣ бо намоиш додани даҳҳо куштаи тозаи сарбозонаш ба Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ва Валерия Герасимов, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Русия дашномҳои қабеҳ дод ва таҳдид кард.
Ӯ, ки дар торикӣ бо фонус ҷасадҳоро равшан мекард, бо ангушт ба онҳо ишора карда ва мегӯяд “ана ин бачаҳо сарбозони “Вагнер” ҳастанд, ки имрӯз кушта шуданд. Ҳанӯз хунашон равон аст”. Сипас ба наворбардор амр мекунад, ки “ҳамаашонро навор гир”. Дар навор ҳади ақал сӣ сарбози кушташуда дида мешаванд, ки бархе комилан ба хун оғуштаанд.
Пригожин баъди намоиши ҷасадҳо шурӯъ ба дашномдиҳӣ мекунад ва мегӯяд “инҳо падарон ва фарзандони касоне ҳастанд. Онҳое, ки ба мо силоҳ ва муҳиммот намефиристанд дар дӯзах шикамбаҳои инҳоро хоҳанд хӯрд”. Ва бо илова кардани чанд дашноми қабеҳи дигару сипас як дашном паси ҳар иборааш, идома медиҳад: “камбуди силоҳу муҳиммот дар мо 70 дарсад аст. Шойгу! Герасимов! Силоҳу муҳиммот куҷост?! Ба инҳо нигоҳ кунед!”
Дар идома раҳбари муздурони “Вагнер” мегӯяд “шумо, ҳайвонҳо, дар клубҳои гаронқимат менишинед. Фарзандони шумо аз зиндагӣ мастанд ва дар Ютуб наворҳо сабт мекунанд. Шумо фикр мекунед, ки моликони зиндагиед ва ҳақ доред бо зиндагии инҳо (бо ишора ба ҷасадҳо) фармонравоӣ кунед. Шумо фикр мекунед, ки агар анборҳои снаряд дар ихтиёратон аст, пас тақсимоти онҳо низ ба ихтиёри шумост. Аммо ба мо ҳамагӣ 20 дарсад аз он чи лозим аст медиҳед. Инҳо ихтиёран ба ҷанг омаданд ва барои он мемиранд, ки шумо дар утоқҳоятон аз дарахти сурх равған ҷамъ кунед. Инро ба назар гиред!”
Дертар Пригожин расман эълон кард, ки агар то 10 май барояш муҳиммоту силоҳ нафиристанд, аз Баҳмут ақибнишинӣ хоҳад кард.
Шурӯъ аз нимаи соли гузашта байни Вазорати дифоъи Русия ва гурӯҳи муздури “Вагнер” ихтилофот шурӯъ шуданд. Пригожин вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли артиши Русияро ба заъифсозии амдии гурӯҳаш муттаҳам мекунад.
Таҳлилгарон мегӯянд баъди тақвияти “Вагнер” бо ҳазорҳо зиндонӣ, мақомоти Русия аз таҳдиди он ба амнияти кишвар эҳсоси хатар кардаанд.