Рубрики Хабарҳо

Коршиносон ба ҳукумати ҶТ: Қарзи зиёд нагиред, бозпардохташ мушкил мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки соли ҷорӣ барои амалӣ намудани чанд тарҳи муҳими иқтисодӣ ва энергетикӣ ният дорад,  дарёфт намояд.

Коршиносони ниҳодҳои молии байналмилалӣ гуфтаанд, ки дар шароити кунунӣ, ки мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон наздики 3 миллиард доллар аст ва баргардонидани ин қарзҳо барои Тоҷикистон мушкил хоҳад шуд. Чун соли 2017 қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 39 дарсад дар тобистон ба 50 дарсад аз маҷмуи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар охири ин сол расид, ки иллати он низ фурӯши 500 миллион доллар саҳмияҳои молии Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар хориҷ буд.  

Мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон соли 2017 ба беш аз ду миллиарду 900 миллион доллар расида буд, ки аз ин миқдор қарзи хориҷӣ, як миллиарду 200 миллион доллар қарз аз ҷумҳурии мардумии Чин аст.  

Илова бар ин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, ба Бонки рушди Осиё 235 миллион доллар ва ба Бонки рушди исломӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *