Туркия, Эрон ва Русия бо ҳам наздиктар мешаванд
Раисҷумҳурҳои се кишвари Туркия, Эрон ва Русия барои баррасии сулҳи Сурия дар Анқара ҷамъ омаданд. Ҳарчанд ҳадафи ин нишаст сулҳи Сурия гуфта мешуд, масоили иқтисодии ва тиҷорати байни кишварҳо ҳам сарфи назар нашуд.
Ҳарчанд ин се кишвар дар Сурия манофеъи мухталиф доранд, вале муштаракоташон ҳам кам нест. Ҳамин муштаракот ва мавқеъи Ғарб нисбати онҳо Туркияву Эрону Русияро ба ҳам наздик кардааст.
Ҳарчанд Туркия аз бомбборонҳои Идлибу Ғӯта бо шиддат интиқод мекунад, Русияву Эрон аз амалиёти “Шохаи зайтун”, ки Туркия дар Африн анҷом медиҳад хушашон намеояд, боз ҳам ин се кишвар тасмим гирифтаанд бидуни Амрико масъалаи Сурияро ҳал кунанд. Амрико ҳам эълон кардааст нерӯҳояшро аз Сурия берун хоҳад бурд.
Пойгоҳи «Daily Sabah» ба нақл аз мақомоти Фаронса эълом кардааст, ки хоҳиши Эммануэл Макрон, раисҷумҳури ин кишвар барои ширкат дар ин нишаст аз тарафи се кишвар рад шудааст.
Шоми гузашта нишасти якҷояи хабарии раисҷумҳурони Туркияву Русия баргузор шуд. Ҳардуи онҳо бештар болои масоили иқтисодӣ ва тиҷорати мутақобилайн сӯҳбат карданд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ин нишасти хабарӣ бо таъкид бар ин ки Туркия мусаммам ба афзоиш ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия аст, изҳор дошт: «ҳаҷми тиҷорати Туркия бо Русия дар қиёс бо соли пеш 32 дарсад рушд дошта ва аз марзи 22 миллиард доллар гузаштааст.
Вай дар идома гуфт: »ҳадафи ҳарду кишвар фаротар аз ин мизон аст. Ҳадафи мо дастёбӣ ба рақами 100 миллиард доллар аст. Умедворем ҳарчӣ зудтар дидорҳои дуҷониба дар хусуси тавофуқномаи хадамот, тиҷорат ва сармоягузорӣ ба натиҷа расида ва ба ҳадафи 100 миллиард доллар наздиктар шавем».
Эрдуғон ҳамчунин афзуд: тайи соли 2017 мизбони 4 миллиону 700 ҳазор гардишгари рус будем. Ба ин тартиб шаҳрвандони рус мақоми нахусти гардишгарӣ дар Туркияро ба худ ихтисос доданд. Интизор меравад дар соли ҷорӣ ин рақам ба 6 миллион гардишгар бирасад.
Раисҷумҳури Туркия дар робита бо вазъияти Сурия гуфт: «бо дӯстон руси худ дар бисёре аз мавориди марбут ба Сурия нигарониҳои муштараке дорем. Бар ин боварем, ки ояндаи Сурияро наметавон ба дасти гурӯҳҳои проектӣ монанди ДОИШ, ИПГ ва ПЙД супурд. Дар ин росто бо тамаркуз бар манофеъи муштараки худ ба ҳамкорӣ идома хоҳем дод».
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам бештар болои масоили иқтисодиву тиҷорӣ тамаркуз кард. Ӯ гуфт: «тасмим бар он шуд, ки сомонаи дифоъи мушакии С-400 зарфи муддати кӯтоҳтарин ба Туркия таҳвил дода шавад».
Путин бо баёни ин ки ҳамкории ду кишвар дар заминаи энерҷии ҳастаӣ имрӯз ба сатҳи болотаре расидааст, гуфт: ҳамроҳ бо раисҷумҳури Туркия имрӯз раванди эҳдоси нахустин нерӯгоҳи ҳастаии ин кишварро оғоз кардем”.
Раисҷумҳури Русия дар идома тасреҳ кард: «барои проекти хатти интиқоли гази табиӣ низ дар бахши обии ин проект ду хатти мутафовит эҳдос мешавад. Пас аз муддати кӯтоҳ бахши заминии онро низ хоҳем сохт».
Путин дар мавриди Сурия гуфт: «Авлавияти аслӣ таъмини якпорчагии хоки Сурия ва амнияти он ва нобудии лонаҳои терроризм дар он минтақа аст. Дар ин росто бо Туркия ҳамкорӣ кардаем ва дар оянда низ хоҳем кард».