Рубрики Хабарҳо

Садсола роҳ. Аз Тоҷикистон то «кишвари сайёҳӣ»

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Ин соҳа сердаромаду ҳамеша ташаккулёфтаистода буда, аз тарафи дигар барои шиносонидани кишвар ба ҷаҳониён нақши муҳиме мебозад. Фарҳангу тамаддуни кишварро танҳо бо сайёҳӣ ба таври васеъ ба ҷаҳониён нишон додан мумкин аст. Ҳамчунин ин соҳа метавонад эҳтиёҷоти кишварро ба асъори хориҷӣ таъмин намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми се даҳсола иддао мекунд, ки барои рушди сайёҳӣ ҳамаи шароитро мусоид карда истодааст. Ҳатто барои ин соли 2018 –ро дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буд. Вале, тавре одатан дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, ҳамаи он даъвоҳо дар қоғаз монданд ва на адади сайёҳони хориҷӣ зиёд шуд, на соҳаи сайёҳӣ ба таври умум рушд кард.

Ҷалб кардани сайёҳон ба кишваре, ки собиқаи сайёҳӣ надорад ва дар ҷаҳон он қадар маъруф намебошад, кори саҳле нест. Аниқтараш, бо хизмати хирсонаи ҳукумату “пешво”, миллати тоҷик аз як тараф ҳамчу “гастарбайтер” ва аз тарафи дигар “террористу экстримист” маъруф шудааст.  Бинобар ин, сомонаи smartraveller.gov.au, ки расман тобеи ҳукумати Австралиё мебошад, барои шаҳрвандони кишвари худ чунин машварат медиҳад:

“Дар умум дар Тоҷикистон ба далели хатари ҳамлаҳои террористӣ ва эҳтимоли нооромиҳои шаҳрвандӣ аз эҳтиёти зиёд кор бигиред. Сатҳи баландтари эҳтиётро дар баъзе минтақаҳо риоя кунед”.

Муборизаҳои чандинсолаи ҳукумати кишвар бо “террористону экстримистон” чунин натиҷа додааст, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз ворид шудан ба кишвар дар ҳарос ҳастанд. Аз мардуми Австралиё чӣ гила кунем, вақте ҳатто русҳо, ки гӯё моро хуб мешинохтанд, чун пас аз басиҷи оммавӣ аз Русия гурехта, ба кишвар омаданд, гуфтанд гумон мекардем ба Афғонистон рафта истодаем, дар ҳама ҷо ҷанг рафта истодааст ва мардум на бо автомобил, балки бо хару ароба мегарданд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳукумат иддао дорад, ки “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад”.

Чӣ чиз сайёҳонро аз тамом гӯшаву канори ҷаҳон ҷалб мекунад? Оё Тоҷикистон ҳамаи онро фароҳам овардааст? 

Табиати ҷолиб

Сайёҳонро ҳавои гарму мӯътадил, лаби баҳру ҷойҳои оббозӣ, кӯҳҳои баланду кӯҳнавардӣ, ҷангалу дигар манзараву ҷойҳои табиӣ ҷалб мекунанд. Агарчи табиати Тоҷикистон манзараҳои нотакрору зебои бисёре дорад, вале адади сайёҳон ба кишвар зиёд намешаванд. Дуруст аст, ки барои дӯстдорони оббозиву баҳр Тоҷикистон чизе надорад пешниҳод кунад. “Баҳри Тоҷик” бо вуҷуди ҷои хубе будан барои қабули адади бисёри сайёҳон омода нест. Дигар обанбору дарёҳои кишвар аслан барои оббозӣ муносибу бехатар нестанд.

Яке самтҳои ҷолиб кӯҳҳои кишвар мебошанд. Баландтарин қуллаи кишварҳои собиқ шӯравӣ дар Помир, кӯҳҳои Фон ва Искандаркӯл адади муайни сайёҳонро ҷалб мекунанд, вале ададшон хеле кам аст.

Фарҳанги ҷолиб ва ҷойҳои таърихӣ

Кишварҳое, ки барои дӯстдорони фарҳанги асил ва ҷойҳои таърихӣ шароити мусоид омода мекунад ва онҳоро ҷалб мекунанд, солона миллионҳо сайёҳ қабул мекунанд ва миллиардҳо доллар даромад мегиранд. Барои мисол, Фаронса, ки ҷойҳои машҳури таърихиву фарҳанги зиёде дорад, солона то 90 миллион сайёҳ қабул мекунад. Даромади ин кишвар соли 2019, то пандемияи коруно, 170 миллиард евроро ташкил кардааст. Ин ба 8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. 9,5 дарсади аҳолии кишвар дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихӣ ба таври кофӣ ҳифз намешаванд, биноҳои таърихӣ бо сабабҳои ночиз вайрон шуда, ба ҷояш бинои замонавӣ сохта мешаванд. Ҳатто қалъаҳои таърихӣ дар шарҳҳои Хуҷанд, Ҳисор, Истаравшан, Ҳулбук ва ғайра, ки таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд, вайрон карда шуда, ба ҷояшон аз хишти замонавӣ биноҳои қалъамонанде сохта мешаванд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки чунин сохтакориҳо барои сайёҳон ҳеҷ ҷолибияте надоранд. Бо вуҷуди он ки 19 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО (UNESCO) ворид гардидааст, тақрибан касе нест, ки онҳоро зиёрат кунад.

Нархи дастраси билетҳо

Дастрас будани арзиши билет яке аз нуқтаҳои калидии саёҳат аст. Барои ҷалби сайёҳон чунин кишварҳо нархҳои хеле арзон пешниҳод мекунанд вале дар Тоқикистон нархи билетҳо аз гаронарзиштарин дар дунё ба ҳисоб мераванд. Дар кишвар амалан танҳо як ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият мебарад ва бозори интиқоли ҳавоии мусофиронро пурра монополӣ кардааст. Ягон ширкат наметавонад бо ширкати Сомон Эйр дар имтёз баробар шавад, на ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷик Эйр, на ширкатҳои байналмиллалӣ. Ширкати давлатии Тоҷик Эйр амалан муфлис шудааст ва ҳатто қодир нест маблағи ҳавопаймоҳои ба иҷораи дарозмуддат (лизинг) гирифтаашро пардохт кунад. 

Сабаби ин ҳолат ба ҳама маълум аст — Сомон Эйр ба хонаводаи раисҷумҳур тааллуқ дорад. Ҳукумат ва парлумон ҳамеша кӯшиш мекунанд дар ҳаққи ин ширкат “ғамхорӣ” карда истанд. 

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз пардохти андоз озод мешаванд ва ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Кодекси андози ҷумҳурӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ имтиёзҳо дод. Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, даромадҳо аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоии ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андози даромад озод карда мешаванд. Инчунин воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти худи киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Парлумони кишвар хеле “ғамхор” аст ва додани ин имтиёзҳоро ба ягона ширкати монополӣ, ширкати мутааллиқ ба Оила дар асоси  Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 ба назар гирифтааст. Яъне, ин ташаббус ҳамчу ғамхорӣ дар ҳаққи миллат ва танҳо барои мусоидат ба “рушди сайёҳӣ” қаламдод мешавад. Вале яқинан метавон гуфт, ки бо вуҷуди озод шудани ин ширкат аз пардохти андоз, нархи билетҳо поён нахоҳад рафт. Ягона натиҷае, ки ин қарор дорад, ин аст, ки даромади Оила зиёд хоҳад шуд.

Аз сабаби монополӣ шудани соҳа ва муфлис шудани ширкатҳои дигар Сомон Эйр нархи билетҳоро аз рӯи хоҳишу майли худ муайян мекунад. Аз ин сабаб арзиши чиптаҳои ин ширкат ҳатто аз Аврупову Амрико бамаротиб гарон аст. Ҳарчанд нархи сӯзишворӣ, таъмиру нигоҳубини ҳавопаймо, иҷораву маоши кормандон дар Аврупову Амрико нисбат ба Тоҷикистон болотар аст, вале чиптаҳо бамаротиб арзон ҳастанд. 

Инфрасохтори муносиб

Муҳимтарин инфрасохтор барои қабули сайёҳон аз ҷумла, инфрасохтори умумӣ, ба монанди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, обтаъминкунӣ, бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва ғайраро дар бар мегирад. Илова бар он, меҳмонхонаҳо, курортҳо, коттеджу виллаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва ғайра барои сайёҳон ҳатмист.

Тоҷикистон аслан инфрасохтори барои сайёҳӣ муносиб надорад. Масалан, барои расидан ба Помир бояд яке аз ағбаҳои хатарноктарини ҷаҳонро убур кард. Роҳи Помир хеле хароб аст. Ҷои тааҷҷуб нест, ки хоҳишмандони сафар ба ин минтақа зиёд нестанд. Барои расидан ва кӯҳҳои Фон ва Искандаркӯл бошад, ҳамчунин аз роҳи пулакии дорои ағбаи хатарнок бояд убур кард. 

Барои сайёҳон дар кишвар нақлиёти муносиб низ вуҷуд надорад. Нақлиёти оммавӣ байни шаҳрҳову вилоятҳо хеле қафомонда аст, зеро мардум бештар аз таксиҳои шахсӣ истифода мебаранд ва билетҳоро барои онҳо аз интернет дастрас кардан мумкин нест. Автобусу поезд байни шаҳрҳову вилоятҳо намегарданд. Агар сайёҳ хусусиятҳои гаштугузори таксиро надонад, ҳатман роҳгум мезанад. Дар ягон сомонаи давлатӣ ё шахсӣ маълумоти пурра дар бораи сафар байни шаҳрҳову вилоятҳо, бахусус ба забонҳои хориҷӣ, ақаллан ангисиву русӣ вуҷуд надорад.

Меҳмонхонаҳову курортҳо, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, ба таври кофӣ инкишоф наёфтаанд ва аз тариқи интернет дастрас нестанд. Дар машҳуртарин сомонаи Booking.com ҳамагӣ 66 меҳмонхона қайд шудааст.  Аз он дар Душанбе 42 адад, дар Хуҷанд — 12, Бустон (Чкаловск) — 4, Панҷакент — 2 ва дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Қаратоғ, Ишкошим, Дағозӣ, Хоруғ ва Гулистон (Қақроққум) ҳамагӣ яктогӣ меҳмонхона қайд шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ҳукумат, танҳо дар Бадахшон 64 меҳмонхона фаъолият мекунад.

Ба назар мерасад, роҳ то ба кишвари сайёҳӣ табдил шудани Тоҷикистон  хеле дур аст. Ҳадди ақал то он замоне, ки ин “пешво” дар курсӣ нишастаасту тиму хонаводааш даромадро танҳо дар ғорат кардани мардуму буҷаи кишвар медонанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *