Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар Минск аз Путин раисҷумҳури Русия истиқбол кард. Кремл ҳадафи сафарро “ҳамкориҳои стратегӣ”-и ду ҳамсоя хонда аммо гумоназанӣ мешавад, ки ин дидор ба қасди ворид кардани Беларус дар ҷанги Укроин бошад.
Пас аз Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, Путин низ роҳии Беларус, кишвари ҳамсоя шуд. Ин нахустин сафари раисҷумҳури Русия дар се соли гузашта ба Минск аст. Видеоҳо ва аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Путин мавриди истиқболи гарми Александр Лукашенко, ҳамтои худ қарор гирифтааст.
Тибқи шавоҳиди мавҷуд, раҳбари Кремл аз Беларус ба унвони кӯмакрасони Русия дар ҷанги Укроин истифода мекунад, аммо тарафайн мункири чунин чизе ҳастанд. Лавров вазири хориҷаи Русия низ дар сафар ба Минск бо ҳамтои худ дар бораи таҳримҳои Ғарб ва вазъияти ҷанг музокира дошт, бо ин ҳама дар баёнияи расмии вазорати хориҷаи Беларус ҳеҷ ишорае ба Укроин нашудааст.
Дар ҳоле, ки расонаҳо ва таҳлилгарони ғарбӣ, ҳадафи аслии сафари Путин ба Беларусро водор кардани ин кишвар ба мушорикат дар ҷанги Укроин медонанд, сухангӯи Кремл ин шубҳаҳоро “беҳӯдагӯӣ”, “беасос” ва «аҳмақона” хонд.
Беларус аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ ва низомӣ комилан ба Маскав вобастааст. Александр Лукошенко гуфта, ки меҳвари музокироташ бо Путин, масоили иқтисодӣ хоҳад буд ва Кремл ҳам ҳар гуна гумоназанӣ дар бораи иртиботи сафар бо ҷанги Укроинро рад кардааст. Бо ин ҳам равшан нест чаро дар чунин шароити муташанниҷе, раисҷумҳури Русия барои гуфтугӯи мустақим бо Лукашенко ба Минск меравад.
Нишасти аъзои “нерӯи вокуниши сареъ”
Сарони кишварҳо ва давлатҳои тавофуқи ҳамкории дифоъии Аврупои шимолӣ ва вокуниши сареъ (JEF) дар Рига, пойтахти Латвия бо якдигар мулоқот карданд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин низ ба сурати видеоонлайн бо ин нишаст дар тамос буд. Нахуствазири Литва дар ин замина дар паёми твиттерӣ навишт: “пирӯзии Укроин барои амнияти мо ҳаётӣ аст. Мо омодаи ироаи ҳимоятҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии бештар ба Киев ҳастем. То ҳар замон, ки лозим бошад.”
Дания, Эстония, Финланд, Исландия, Латвия, Литва, Нидерланд, Норвегия, Шветсия ва Бритониё кишварҳое ҳастанд, ки аз соли 2014 ва пас аз илҳоқи Крим ба Русия, як нерӯи вокуниши сареъи чандмиллиятӣ бо тавони басиҷи 10 ҳазор сарбоз доир карданд. Ҳадафи ин нерӯ, боздорандагии мухолифони билқувва, амалиёти пуштибонии башардӯстона ва баровардани маъмуриятҳои ҳофизи сулҳи Созмони милал унвон шудааст.
Тарҳи ҳизби чапи Олмон барои оташбаси фаврӣ
Мартин Шердван, раҳбари ҳизби “чапҳо” дар Олмон тарҳи сулҳе барои Укроин ироа дода ва хостори музокироти фаврӣ барои оташбас шудааст.
Ин тарҳ пешниҳод мекунад, ки Зеленский ва Путин бо миёнҷигарии садри аъзами Олмон ва раисҷумҳури Фаронса ва мушорикати Чин ва Ҳинд ба гуфтугӯ бо якдигар тарғиб шаванд ва Русия ба мавзеъҳои қабл аз ҳамла ба Укроин дар 24 феврал боз гардад.
Як идеяи дигари тарҳ он аст, ки ба шарти пойбандии Путин дар ақибнишинӣ, ҳама таҳримҳои эъмолшуда пас аз ҷанг алайҳи Русия низ лағв шаванд.
Нуктаи севуми тарҳ, густариши кумакҳои башардӯстона ба Укроин барои имкони бозсозии манотиқи ҷангзадааст.
Укроин то кунун бо ин амр мухолифат карда ва Русия низ алоқаи чандоне ба музокироти сулҳ нишон додааст. Ҳар ду тараф умедворанд муваффақиятҳои низомии бештаре касб кунанд ва тарҳи “чапҳо” шанси чандоне барои иҷро надорад.
Мартин Шердван ҳамчунин хоҳони таваққуфи воридоти нафти Русия ба Олмон аз хатти лӯлаи “Дружба” шуда ва гуфта, ки муофияти якҷонибаи давлати федерал дар ин замина як “иштбоҳи мӯҳлик” аст ва паёмадҳои манфии ҷиддӣ барои иқтисоди Иёлоти шарқии Олмон дорад.
Ибрози умедвории Гуттериш ба барқарории сулҳ дар соли ҷадид
Дабири кулли Созмони милал бо ҳушдори нисбат ба авоқиби ҷанги таҷовузкоронаи Русия таъкид кард, ки осебҳои ин таҳоҷум аз Укроин фаротар хоҳад рафт. Ў зимни ибрози умедворӣ нисбат ба барқарории сулҳ дар соли ҷадид, изъон кард, ки ҳеҷ чашмандозе барои музокироти сулҳ дар ояндаи наздик дида намешавад.
Антониу Гуттериш афзуд, ки ҳар гуна роҳи ҳали сулҳ барои Укроин бояд бо маншури Созмони милал созгор бошад. Ў аз ҷумла бар ин нукта таъкид кард, ки тамомияти арзии Укроин бояд эҳё шавад.