Ошёнаи 50-уми Бурҷи Трамп дар Манҳэттени Ню-Йорк оташ гирифта дар натиҷа, як марди 67 сола фавтидааст ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.
Тавре расонаҳои армикоӣ хабар додаанд, сабаби оташ гирифтан то ҳанӯз мушаххас нашудааст, вале таҳқиқот дар ин замина дар ҷараён аст.
Ду моҳ пеш ҳам дар пушти боми Бурҷи Трамп воқеъ дар хиёбони панҷум дар Манҳэттен оташсӯзӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Вашингтон басар мебарад.
Худи Трапм ба расонаҳо гуфтааст, оташ ба зудӣ хомӯш карда шудааст ва бино ба хотири бо сифати хуб сохта шуданаш осеби калон надидааст.
Ҳамчунин Трапм ба гурӯҳи сухторхомӯшкунӣ миннатдории худро баён кардааст
members remain on scene of a 4-alarm fire, 721 5th Ave in Manhattan. There is currently one serious injury to a civilian, and 3 non-life-threatening injuries to Firefighters, reported
— FDNY (@FDNY)