Categories Хабарҳо

Арабистони саудӣ соли оянда як занро ба фазо мефиристад

Арабистони саудӣ рӯзи панҷшанбе аз роҳандозии як барномаи омӯзишӣ бо ҳадафи эъзоми фазонаврдоне аз ин кишвар аз ҷумла як фазонаврди зан ба фазо хабар дод. 

Бар тибқи ин барнома теъдоди фазонаврди арабистонӣ, ки дар миёни онҳо як зан низ ҳузур дорад барои эъзом ба фазо дар соли ояндаи омӯзиш хоҳанд дид. 

Тарвиҷ ва густариши илму фановарӣ бахше аз барномаи густурдаи чашмандози 2030 дар Арабистони саудӣ аст, ки бо ҳадафи бознигарӣ дар сохтори иқтисодӣ ва коҳиши вобастагии ин кишвар ба содироти нафт роҳандозӣ шудааст. 

Ин тарҳ, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди пурнуфузи Арабистони саудӣ аз мубтакирону муҳимтарин ҳомиёни он аст ҳамчунин хостори ҷалби бештари занон дар нерӯи кории ин кишвари исломӣ аст, ки пештар ба муҳофизакорӣ ва инъитофнопазирӣ нисбат ба муқаррароти мазҳабӣ ва озодиҳои иҷтимоӣ шӯҳрат дошт. 

Арабистони саудӣ дар ростои ҳаракат дар масири мутафовит, ки бо тарроҳии як чашмандози баландмуддат калид хӯрдааст пеш аз ин дар соли 2018 мамнуъияти ронандагии занонро, ки аз дербоз дар ин кишвари подшоҳӣ ба иҷро даромада буд, лағв кард. 

Комиссияи фазоии Арабистони саудӣ дар баёнияе эълом кард: “барномаи омӯзиши фазонаврдони саудӣ, ки бахши ҷудоинопазир аз чашмандози баландпарвозонаи низоми подшоҳӣ барои соли 2030 аст, афроди мунтахабро барои кумак ба хидмати беҳтар ба башарият ба фазо мефиристад.” 

Яке аз фазонаврдоне, ки қарор аст дар ин барнома омӯзиш бубинад як зани саудӣ аст, ки маъмурияти ӯ ба фазо барои нахустинбор дар таърихи ин кишвар хоҳад шуд. 

Аввалин фарди арабтабор ё мусулмон, ки ба фазо сафар кард Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз, фарзанди Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони саудӣ буд. 

Вай, ки бародари нотании валиаҳд ва халабони нерӯи ҳавоии Арабистон аст сол 2018 ба унвони бахше аз хадамаи ҳафтнафараи фазопаймои Дисковери ба фазо сафар кард ва дар қолаби ин маъмурият ба даври кураи замин чархид. 

Султон ибни Салмон пас аз ширкат дар ин маъмурияти фазоӣ дар раъси комиссиюни фазоии Арабистон қарор гирифт ва то соли гузашта, ки ба унвони мушовири Малик Салмон мансуб шуд ин самтро ҳифз кард. 

Амороти арабии муттаҳида, ҳамсоя ва муттаҳиди наздики Арабистон низ пештар бо партоби як ковишгар ба мадори Миррих дар феврали 2021 нишон дод, ки аз як барномаи фазоии пешрав дар ҷаҳони араб бархурдор аст. 

Ин кишвари амирнишин қасд дорад аввалин моҳнаварди худро дар ноябри оянда ба фазо партоб кунад. Агар ин маъмурият бо муваффақият анҷом шавад, Амороти арабии муттаҳида ба ҳамроҳи Ҷопон, ки қарор аст дар таҳияи фурудгари фазоӣ мушорикат дошта бошад ба ҷамъи Иёлоти муттаҳида, Русия ва Чин ба унвони кишварҳое, ки фазопаймои рӯйи сатҳи моҳ қарор додаанд, хоҳанд пайваст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *