Ҳукумати вилояти Суғд ба раисони шаҳру навоҳӣ дастур додааст соҳибкорон ва падару модарони хонандагони мактаб ба таъмири биноҳои макотиби миёна ҷалб шаванд.
Дар як номаи Ҳукумати вилояти Суғд бо имзои иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба руасои шаҳру навоҳии ин вилоят гуфта шудааст, ки барои таъмири биноҳои мактаб “ҷалби соҳибкорону тоҷирон ва аҳолӣ ба мақсад мувофиқ аст”.
Дар нома омадааст, ки ин дастур “тибқи мактуби Варорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини иҷрои банди 39, сархати 6 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018 ҷиҳати дар соли ҷорӣ аз таъмини асосӣ баровардани бинои муассисаҳои таълимӣ” дода шудааст.
Маълум нест дастури ба таъмири биноҳои макотиби миёна ҷалб кардани соҳибкорону аҳолӣ аз куҷо сарчашма мегирад — аз маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, аз мактуби Вазорати маориф ва ё аз ҳукумати вилояти Суғд.
Ҳукумат дар ҳоле ба ҷалби мардум ба таъмири мактабҳо дастур медиҳад, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон сохтмон, нигоҳдорӣ ва таъмири мактабҳо пурра ба дӯши худи ҳукумат аст.
Масаъалаи ҷалби мардум барои таъмири мактабҳо нав нест. Наздик ба бист сол аст, ки волидони хонандагони мактабҳои миёна аз ҷамъоварии пул барои таъмири мактабҳо шикоят мекунанд. Вале бори аввал аст, ки дастури ҳукумат барои ҷалби мардум ба таъмир ба расонаҳо роҳ меёбад.
Мушкил танҳо бо таъмири бинои мактаб тамом намешавад. Шикоятҳо дар бораи ҷамъоварии пул барои хариди ҳезум, бухорӣ, тахта, пардаи синф, рӯзи таваллуди раҳбари мактабу раҳбари синф ва ҳатто хариди бӯр тез-тез расонаӣ мешаванд.