Дар ин бора як узви парлумони Миёнмор хабар додааст.
Хайм Мовинг Лот, узви парлумон Миёнмор дар гуфтугӯ бо хабаргузории Анатолии Туркия гуфтааст: ҳафт ғайринизомии рохиниёӣ, ки дар иёлати Арокон боздошт шуда буданд, тавассути нерӯҳои артиши ин кишвар ба зарб тир кушта шуданд.
Вай афзуд: пеш аз ин ҳодиса низ 4 ғайринизомим ароконӣ тавассути артиш кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Ӯ идома дод: артиши Миёнмор бояд боздоштшудагонро ба полис таҳвил медод ва ин иқдоми артиш қобили қабул нест.
Артиши Миёнмор авоили ҳафтаи ҷорӣ аз боздошти 275 рохиниёӣ хабар дода буд.
Гуфтанист, артиши Миёнмор дар таърихи 25 августи 2017 ҳамалоти худ ба минтақаи Ароконро оғоз кард. Дар ин ҳамалот ҳазорон ғайринизомии арокони ҷон бохта ва ҳудуди 350 русто тавассути артиш ва буддоиёни ифротӣ ба оташ кашида шуд.
Тибқи охирин гузориши Созмони милал, шумори мусулмононе, ки аз таърихи 25 августи 2017 ба ин сӯ аз хушунатҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ гурехта ва ба ӯрдугоҳҳо ва иқоматгоҳҳои муваққат дар Бангладеш паноҳ бурдаанд, ба 725 ҳазор нафар расид, ки 60 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Аз соли 1970 то кунун 84 дарсад аз ҷамъияти 2 миллионии мусулмонони Ароконӣ дар пайи хушунатҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба кишварҳои атроф гурехтаанд.
Созмони милали муттаҳид ва ташаккулоти байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар хушунат алайҳи мусулмонони Арокон дар миёнморро «поксозии қавмӣ» ва «наслкушӣ» тавсиф мекунанд.