Вазирони умури хориҷаи Эрон, Покистон, Русия ва Чин пас аз нишасти чаҳорҷонибаи худ дар Самарқанд бар мубориза бо терроризм ва барқарории суботу тавсеъа дар Афғонистон таъкид карданд.
Вузарои умури хориҷаи Ҷумҳурии халқии Чин, Русия, Покистон ва Эрон пас аз дувумин нишасти чаҳорҷониба ва ғайрирасмии худ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон роҷеъ ба авзоъи Афғонистон баёнияи муштаракеро содир карданд.
Бино ба эъломи вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин баёния аз ҷумла омадааст:
-тамоми аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар Афғонистони босуботу сулҳомез манофеъ доранд, кишваре, ки бояд маҳалле барои ҳамкории байналмилалӣ бошад то саҳнаи рақобатҳои геопалтикӣ.
-марзи сулҳомез, босуботу амн миёни Афғонистон ва ҳамсоягони он ҳаётӣ ва ба нафъи ҳамаи тарафҳост. Афғонистон бояд бар фаъолиятҳои фаромарзии ғайриқонунӣ назорат ва аз он ҷилавгирӣ кунад.
-гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон шомили ДОИШ, Ал-Қоъида, Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ, таҳрики Толибони Покистон, Артиши озодибахши Балучистон, Ҷайш-ул-ъадл ва ғайра таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳастанд.
-вазирони умури хориҷаи Эрон, Чин, Покистон ва Русия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд ба ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон идома дода ва ба ин кишвар кумак кунад то зарфияти худро барои тавсеъаи пойдор ва худмеҳвар тақвият намояд.