Рубрики Хабарҳо

Пулиси Ҳисор мехоҳад онеро, ки ҷинояткорро дастгир кард, гунаҳкор созад

Дар натиҷаи ҳамлаи як марди маст бо корд дар кӯчаи Гагарини шаҳри Ҳисор Муродҷон Мирзоаминови 29-сола аз чаҳор ҷои баданаш захм бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд. Чанд нафар ҳамлагарро боздошт карданд, аммо пулиси Ҳисор мехоҳад яке аз ин боздошткунандаҳоро гунаҳкор кунад. 

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, шаби гузашта марди тақрибан 32-33-солае ба корд дар даст ба нафаре ҳамла мекунад. Ба он нафар муяссар мешавад фирор кунад, аммо ҳамлагар кордашро алайҳи Муродҷон Мирзоаминов, ки дар назди дарвозаи хонааш менишаст, истифода мекунад. Дар натиҷа Муродҷон ду захм дар чеҳра ва як захм аз қафаси синаву як захми дигар аз пушт мебардорад. 

Ба чанд нафар, ки дар наздикӣ қарор доштанд муяссар мешавад ҳамлагарро боздошт кунанд. Зимни боздошт барои безарар кардани ҳамлагар маҷбур ба задани чанд зарба ба ӯ мешаванд. 

Пулис, ки баъди чанд лаҳза ба ҷои ҳодиса мерасад онҳоеро, ки ҳамлагарро дастгир карда буданд ва гуфта мешавад 4 нафар буданд, боздошт мекунад. Аз шаби гузашта то ҳол боздоштшудаҳоро ба наздиконашон нишон намедиҳанд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём пулис мехоҳад Атоев Нуриддини 18 сола, яке аз онҳоеро, ки ҳамлагарро боздошт карда буданд, дар ин ҳодиса гунаҳкор намояд. 

Наздикони боздоштшудаҳо аз субҳ то ҳол назди идораи пулиси Ҳисор қарор доранд, аммо ҳанӯз фарзандонашонро ба онҳо нишон надодаанд. Ҳамчунин мақомоти пулис вакили дифоъеро, ки наздикон гирифтаанд ба назди боздоштшудаҳо роҳ намедиҳанд. 

Яке аз наздикони боздоштшудаҳо гуфт, ки тибқи гуфтаи муфаттиши пулис, ҳамлагар Яқубов Усмон ном доштааст.  

Ҳодисаҳои занозанӣ бо истифодаи корду дигар силоҳҳои сард дар Ҳисору Душанбе дар ин авохир зиёд ба қаёд гирифта мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *