Муҳаммадҷавод Зарифӣ, Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз душанбе, 16-уми апрел, барои иштирок дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон меояд.
Зарифиро як ҳайати сиёсии Эрон дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.
Тавре Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ба хабаргузории дар ин бора иттилоъ додааст, зимни ин сафар Муҳаммадҷавод Зарифӣ бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон гуфтугӯ мекунад ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфидро баррасӣ хоҳад кард.
Муҳаммадҷавод Зарифӣ бори охир дар моҳи ноябри соли гузашта барои иштирок дар маросими ба истифода додани бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе ба Тоҷикистон сафар карда буд.
Ин сафари Зарифӣ дар ҳолест, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон зиёда аз ду сол мешавад, ки хуб нест. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Ҳамоиши Ваҳдат дар Теҳрон ба вуҷуд омадааст.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҳавасманди бад шудани муносибаташ бо Эрон набудааст. Танҳо ба хотири эҷоди як манбаъи кумакрасони дигар, мисли кишвари Арабистони Саъудӣ, ки рақиби асосии Эрон маҳсуб меёбад, бозиҳои сиёсиро рӯи даст гирифтааст ва дар зоҳир нишон додан мехоҳад, ки гӯё бо Эрон муносибати хуб надорад.