Рубрики Хабарҳо

CNN: Амрико дар тадоруки эъзоми киштӣ ба баҳри Сиёҳ аст

Шабака телевизионии CNN Амрико бо истинод бар изҳороти 3 масъул аз Пентагон эълом кард, ки Вашингтон дар тадоруки эъзоми киштии ҷангӣ ба баҳри Сиёҳ аст.

Бар ин асос, ин иқдом дар посух ба буҳрон байни Русия ва Украина дар баҳри Азов бастагӣ дорад.

Мутобиқи ин хабар, вазорати умури хориҷаи Амрико низ дар чорчӯби қарордод дар мавриди тангаҳо, бояд барои убур аз тангаҳои Туркия ва вуруд ба баҳри Сиёҳ бояд аз Анқара иҷоза бигирад.

Аз сӯи дигар Эрик Поун, аз сухангӯёни Пентагон ба хабарнигорон гуфт: наметавонем дар мавриди мавқеияти истиқрори киштиҳои амрикоӣ иттилоъе бидиҳем. Эъломи мӯҳтавои равобити вижаи дипломатик ғайримумкин аст.

Гуфтанист баҳри Сиёҳ дар ҳавзаи вазоифи фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Аврупо (eucom) ва новгони шашуми ин кишвар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *