Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон рӯзи гузашта дар маросими ироаи расмии кумаки инсондӯстонаи Остона ба Душанбе ширкат кард.
Бино ба иттилоъи сафорати Қазоқистон дар ҶТ, бо тасмими ҳукумати ин кишвар ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна орд ҳамчун кумаки инсондӯстона ба Душанбе мунтақил шуд.
Тоҷибоев муҷаввизи колоҳоро ба Соҳибҷон Зиёдуллоев, муъовини мудири ожонси захоири моддии давлатии вобаста ба ҳукумати ҶТ ироа дод.
Сафири қазоқ таъкид кард, ки Қазоқистон ҳамасола ба Тоҷикистон кумаки инсондӯстона ироа медиҳад. Зиёдуллоев бо ъарзи сипос афзуд, ки Тоҷикистон кумаки Қазоқистонро баланд арзёбӣ мекунад.
Таъкиди сафири Қазоқистон дар бораи кӯмаки ҳарсола ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кӯмакҳо чанд соли охир аслан ба мардум нарасида дар озорҳо фурӯхта мешаванд.
Корбарони шабакаҳои иҷтмоӣ комилан мутмаъинанд, ки ин кӯмак аслан ба ҳеҷ хонаводае нахоҳад расид. Як корбар бо шӯхӣ навиштааст ҳамаи ин кӯмакҳо ба қашшоқтарин хонаводаи кишвар — оилаи раисҷумҳур мерасанд.
Сообщение ПАЁМ.net.