Вазъияти сиёсӣ дар Арманистон тундтар мешавад
Рӯзи ҳафтум аст, ки ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Арманистон ба эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ҳукумати ин кишвар идома медиҳанд.
Дар рӯзҳои аввал аз сӯи полис ҳеҷ аксуламале вуҷуд надошт, аммо рӯзҳои охир даҳҳо тан аз эътирозкунандагон ва чандин маъмури полис захмӣ шудан. Даҳҳо нафар низ боздошт шудаанд. Чанд ҳазор нафар аз эътирозкунандагон майдони Фаронсаи маркази Ереванро ба ишғоли худ дароварданд.
Полиси Арманистон, нерӯҳои захиравии худ барои ҳузур дар ин майдонро фаро хонд. Майдони Фаронса, ки ба унвони майдони аслии Ереван маҳсуб мешавад, дар муҳосираи полис қарор дорад, аммо тазоҳуркунандагон бо фишор бар полис онҳоро ба ақиб меронанд. Вазъият дар ин майдон буҳронӣ аст.
Полиси Арманистон эътирозкунандагонро дар наздикиҳои бинои театри Опера-балет дастгир ва ба автобус иҷборан савор кунонида, аз маҳалли тазоҳурот дӯр мекунад ва барои дифоъ аз худ аз кулоҳи эминӣ ва сипар истифода мекунад.
Никол Пашинян
Як гурӯҳ аз полис чорроҳаи хиёбони «Маштотс» ба самти «Маскавиен»-ро маҳкам карданд. Тазоҳуркунандагон бо роҳбарии Никол Пашинян аз хиёбони «Бакрамяна» ба самти майдони Фаронса дар ҳаракат ҳастанд. Полиси Арманистон ба Пашинян ҳушдор додааст, ки ҳаргуна авоқиби ин тазоҳурот бар ӯҳдаи вай хоҳад буд.
Пашинян низ ба полиси Арманистон тавсия кардааст, ки аз ҳаргуна иқдоми хушунатомез парҳез кунанд ва эълом кардааст, ки тазоҳурот ба сурати мусоламатомез ва дар қолаби роҳпаймоӣ дар хиёбонҳо ва майдонҳои аслии Арманистон идома хоҳад ёфт.
Тазоҳурот дар Гюмрӣ, дувумин шаҳри пурҷамъияти Арманистон ҳам афзоиш ёфтааст. Тазоҳуркунандагони хиёбонҳои аслии Гюмриро бастаанд ва талош мекунанд, то бинои ҳукумати вилояти Широкро тасарруф кунанд. Бисёре аз ин тазоҳуркунандагонро ҷавонони арманӣ ташкил медиҳанд ва дар ҳоли ҳозир бинои ҳукумати вилояти Широкро ба муҳосираи худ даровардаанд.
Решаи эътирозҳо дар Арманистон аз онҷо оғоз шуд, ки дар соли 2015 ислоҳоти қонуни асосӣ дар Арманистон барои тағйири низоми президентӣ ба парлумонӣ сурат гирифт. Ҷумҳурии Арманистон дар соли 1991 аз иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҷудо шуд, аз ибтидо низоми президентӣ дошт, аммо Серж Саргсян, ки аз соли 2008 бар курсии президентӣ такя задааст, тибқи Қонуни асосии Арманистон наметавонист баъд аз ду давраи 5 сола, бори дигар дар курсияш боқӣ бимонад.
Серж Саргсян
Аммо ӯ дар соли 2015 пешниҳод кард то ҳамапурсӣ доир шавад ва ба Қонунии асосӣ ислоҳот ворид гардад, ки тибқи он низоми президентӣ ба парлумонӣ табдил мешуд.
Бо орои мувофиқи аксарияти шаҳрвандон, ҷойгоҳи президент дар ин кишвар як зина паст мешавад ва нахуствазир, ки бо назари аксарияти аъзои парлумон интихоб мешавад, қудрати аслиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Дар натиҷа, тибқи ислоҳоти Қонуни асосӣ, Серж Саргсян, метавонист ҳамчунон дар қудрат бимонад.
Арман Саркисён
Бо поёни даврони президентии Саргсян, намояндагони маҷлиси Арманистон 10 апрели 2018, Арман Саркисёнро ба унвони президенти ҷадиди Арманистон муаррифӣ карданд. Пас аз ин, намояндагони маҷлиси Арманистон эълом карданд, ки қасд доранд президенти собиқ, яъне Серж Саргсянро рӯзи 17 апрел ба унвони нахуствазири ҷадиди Арманистон муаррифӣ кунанд.
Хабари ҳамин мавзӯъ сабаб шуд, то эътирозоти хиёбонӣ бори дигар дар ин кишвар шиддат бигирад. Никол Пашинян, раҳбари мухолифони давлати Арманистон аз мардуми Арманистон хост, ки ба хиёбонҳо бароянд ва иҷоза надиҳанд, то ҳукмронии давлати кунунӣ идома ёбад.
Тазоҳуркунандагон, ки эътирозоти худро аз 11 апрел оғоз карда буданд, душанбе, 16 апрел бо ишғоли радиои давлатии Арманистон, баёнияи худро дар эътироз ба ин вазъият қироат карданд. Онҳо ҳарчанд пас аз қироати ин баёния бинои радиои Арманистонро тарк карданд аммо ҳамчунон эътирозоти хиёбонии онҳо идома дорад.
Бо вуҷуди ин эътирозот, вакилони парлумони Арманистон, ки аксарияти он дар ихтиёри ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҷараёни сиёсии тобеъи Серж Саргсян аст, дар рӯзи 17 апрел, Серж Саргсянро бо орои 76 дар сад раъйи мувофиқ ва 17 дар сад раъйи мухолиф ба унвони нахуствазири ин кишвар интихоб карданд.