Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф бо Шоҳ Искандаров, ки сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода буд, аз вазифааш озод ва ба мақоми сардори ШКД шаҳри Исфара таъин шудааст. Ҳамроҳ бо ӯ сардорони 22 шӯъбаҳои пулис дар шаҳру навоҳии кишвар аз мақоми феълиашон барканор шудаанд.
Ба кадом шаҳру ноҳия таъин шудани “озодшудагон” ҳанӯз маълум нест. Танҳо Искандарзода ба “Озодӣ” гуфтааст, ки ба вазифаи сардори ШКД Исфара таъин шудааст. Коршиносон мӯътақиданд, сардорони дигари собиқи ШКД низ ба навоҳии дигар интиқол хоҳанд ёфт, чун аз вазифа барканоршавии сардорони ШКД танҳо ҷойивазкунии кадрҳост, ки дар Тоҷикистон маъмул шудааст.
Шоҳ Искандаров охирин қумондони ИНОТ аст, ки дар ҳукумат боқӣ мондааст ва мақоми худро ҳифз мекунад. Се сол қабл ҳукумат бо баҳонаи “ширкат дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” чанде аз қумондонҳои собиқи ИНОТ-ро, ки дар мақомоти қудратии ҳукумати кишвар кор мекарданд, қатл намуд.
Қабл аз “ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим аз ин қумондонҳо дархост шуда буд дар як изҳороти дастаҷамъӣ алайҳи ҲНИТ имзо гузоранд. Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ва чанд нафари дигар аз имзо кардани он худдорӣ намуданд, аммо Шоҳ Искандаров яке аз аввалинҳо шуда изҳоротро имзо кард.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш додааст, ки сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муминободи вилояти Хатлон аллакай “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъин гардиданд”.
Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ “сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд”.
“Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъин гардиданд” — хабар медиҳад манбаъ.