Рубрики Хабарҳо

Наимҷон Самеев, раиси собиқи ҲНИТ дар вилояти Суғд боздошт шуд

Яке аз фаъолони собиқи ҲНИТ, узви собиқи Раёсати олии ин ҳизб ва собиқ раиси бахши вилоятии он дар Суғд Наимҷон Самеев ки чор соли охир дар Русия зиндагӣ мекард, аз тарафи пулиси ин кишвар боздошт шудааст.

Яке аз писарони Наимҷон Самеев ба Паём гуфт, ки як ҳафтаи охир пулис нафарони наздики ӯро бозҷӯӣ мекард ва аз макони будубоши ӯ мепурсид. Ӯ тахмин мезанад, ки пулиси Русия бо ҳамкорӣ бо пулиси Тоҷикистон амал мекард ва баъди таъқиби яке аз шогирдони падараш макони будубоши ӯро муайян кардааст.

Писари Самеев гуфт падарашро сарҳади ҷумҳуриҳои Доғистону Чеченистон  боздошт кардаанд.

Собиқ раҳбари бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд аввал ба пулиси шаҳри Грозний, сипас ба идораи пулиси вилояти Ставропол бурда шудааст. Писараш ҳамчунин гуфт то ҳол имкони алоқа бо ӯ пайдо нашудааст.

Самеев  Наимҷон Абубакрович, мутаваллиди соли 1962 аз соли 2008 то 2012 масъулияти раёсати шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, сипас то соли 2014 бахши ноҳиявии онро раҳбарӣ кардааст. Соли 2104 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, то боздошташ дар Русия ба сар мебурд.

Писари ӯ ба Паём гуфт, ки Самеев фаъолияти сиёсиашро комилан қатъ намуда, ба соҳибкорӣ машғул будааст.   

Дар сурати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, бо назардошти фаъолият ва мақоми қаблиаш, имкони шиканҷа ва ҳабси тӯлонии ӯ вуҷуд дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *