Иқтидори ҳарбии Тоҷикистон заифтарин дар Осиёи Марказӣ
Тоҷикистон дар рейтинги иқтидори ҳарбӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ камиқтидортарин кишвар дониста шуд.
Дар рейтинги имсолаи 136 давлат зикр шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 127 давлат баробар буд. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон 16 зина — аз 112-ум то 96-ум боло рафта, аммо тӯли сол шумори кишварҳои рейтинг низ афзуд.
Зимни таҳияи рейтинг наздики 50 омили гуногун, аз ҷумла шумори нерӯҳои мусаллаҳ, техникаи ҳарбӣ барои ҷанг дар хушкӣ, фазо ва об, ҳамчунин имконоти иқтисодӣ барои харидории аслиҳа, мавқеи ҷуғрофии кишвар ва ғайра ба инобат гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти рейтинг, шумори умумии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 14,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 7,4 ҳазор нафарашон дар артиши амалкунанда хизмат дошта, 75 ҳазор нафар дар захираанд.
Қайд мешавад, ки артиши Тоҷикистон дар ихтиёри худ 21 ҳавопаймои нақлиётӣ (боркаш), 4 ҳавопаймои таълимӣ, 20 чархбол, 37 танк, 46 техникаи зиреҳпӯши дигар, 10 воҳиди аслиҳаи артиллерия, 3 воҳиди низоми мушакии оташкушоӣ дорад.
Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Ӯзбекистон — дар зинаи 39-ум, Қазоқистон — 50-ум, Туркманистон — 80-ум ва Қирғизистон — дар мақоми 91-ум ҷойгир шудаанд.
Пешсафони рейтинг ИМА, Русия ва Чин мебошанд.