Рубрики Хабарҳо

Се фура гӯшти мурғи тоҷирони тоҷик дар роҳи Белорус —Тоҷикистон гум шудааст

Се фура гушти мурғи тоҷирони тоҷикистонӣ дар роҳи Минск ба Душанбе,  дар ҳудуди шаҳри Подолски вилояти Маскав нопадид гаштааст.

Колоро бояд дар шаҳри Термези Узбекистон фароварда, бо мошини дигар то Душанбе мефиристоданд, аммо дар шаҳри Подолски вилояти Маскав гум шудааст.

Тавре хабаргузории Спутник иттилоъ додааст, Зоир Химатов- намояндаи ширкати афғонии «Саидҷамол» дар ҷумҳурии Белорус дар даст доштан ба ин қазия диспечереро, ки интиқоли борро аз Белорус то Узбекистон ба ӯҳда дошт, муттаҳам медонад.

«Гурӯҳи  қаллобон ба мо  худро диспечер муаррифӣ карда, пешакӣ нақшаҳояшонро тарҳрезӣ кардаанд, ки амволро аз худ мекунанд. Аммо мо аз қаллобии онҳо бехабар, колоҳои худро ба  онҳо бовар кардаем»,- гуфтааст Зоир Химатов.

Се фура гӯшти мурғ ва як фура таҷҳизоти трактор бояд аз ҳудуди Белорус ба Русия ворид шуда, то Узбекистон мерасид. Ба гуфтаи Химатов, ҳуҷҷатҳои коло пурра дуруст тартиб дода шуда буд ва он зери назорати гумрук қарор дошт.

Химатов афзудааст: «Ронандаҳо пешакӣ хабардор шуда буданд, ки ҷойи  таъинот (шаҳри Термези Узбекистон аст. Аммо чӣ гуна онҳо пломбаҳоро шикаста борро фаровардаанд, ба мо маълум нест»

Фураҳои пур аз коло рӯзи 6 апрел ба роҳ мебарояд, рӯзи 8 ба ширкат хабар мерасад, ки он дар ҳудуди вилояти Маскав гум шудааст.

Бино ба гуфти Зоир Химатов пас аз ин рухдод, шахси номаълуме ба онҳо занг зада, талаб кардааст, ки дар ивази пули муайян колоҳои онҳоро бар мегардонад.

«Дар аввал   яке аз муттаҳамон бо мо иртибот мегирифт ва  ва ба ивази колоҳоямон пул талаб мекард. Аммо ҳоло вай ҳам гум шудааст ва намедонем, ки тақдири колоҳоямон чӣ шудаст»,- қайд кардааст Химатов.

Ширкати «Саидҷалол» аз ин қазия полиси Русия ва Белорусро хабардор кардааст. Ба гуфтаи намояндаи ширкат, тафтишот идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *