Рубрики Хабарҳо

Бонки миллии Тоҷикистон аз Хазинаи байналмилалии асъор кумаки молӣ талаб кард

Дар Дафтари асосии Хазинаи байналмилалии асъор воқеъ дар шаҳри Вашингтони ИМА Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  бо Ҷиҳад Алвазир, Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти корӣ доир намуда, аз Хазина кумаки молӣ талаб кардааст.

Тавре дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон додааст, Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро барои татбиқ намудани барномаҳои якҷояи БМТ бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кӯмакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намудааст.

Муовини директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА Ҷиҳад Алвазир зикр намудааст, ки ХБА бо шарти нишон додани самтҳои фаъолият омода аст, дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд.

«Барои ин бахшҳои мушаххаси низоми бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолият барои кӯмаки техникиро нишон додан лозим аст. Аз ин рӯ, бо пешниҳод намудани ин номгӯй аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кӯмаки техникӣ эҳтиёҷ мавҷуд аст, Хазинаи байналмилалии асъор омӯхта, баъдан лоиҳаи кӯмакҳои техникиро таҳия менамояд», — гуфтааст Ҷиҳад Алвазир.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонист, ки идома доранд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Гуфтушунидҳои нахустини ҳайати расмии Тоҷикистон бо ХБА оид ба таҳияи барномаи нав дар доираи Механизами васеи қарздиҳӣ (ECF) моҳи октябри соли 2015 доир гардид.

Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машвратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».

«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мкунанд, мувофиқа шаванд», — гуфта буданд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр гардида буд, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», — афзуданд дар БМТ.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *