Мусоҳибаи ихтисосии Паём бо яке аз поягузорони Диссернет Сергей Пархоменко
Паём: Шумо ҳаррӯза таҳлили рисолаҳоеро чоп мекунед, ки пур аз плагиат ҳастанд. Яъне онҳоро замоне Комиссиюни олии аттестатсионии Русия тасдиқ кардааст. Инро чӣ гуна мешавад фаҳмид — аз Тоҷикистон то Русия гурӯҳе фаъолият мекунад, ки ба тиҷорати илм машғул аст?
Сергей Пархоменко: Ин ҷо аз гурӯҳе гуфтан чандон дуруст нест. Мақоми калидӣ барои ҳимояи рисолаи илмӣ Шӯрои дессертатсионӣ аст. Ин шӯро дар ҳар донишгоҳ ва муассисаи илмӣ вуҷуд дорад. Дар баъзе муассисаҳо он метавонад чандто бошад — шӯрои илмӣ оид ба таърих, оид ба физика, билогия, иқтисодиёт, филология ва педагогика. Ин гурӯҳи профессорон, муаллимон ва кормандони илмие ҳастанд, ки комиссияе таъсис додаанд ва ҳимояи рисоларо назорат мекунанд. Баъдан кор чунин шакл мегирад: рисоланависе пайдо мешавад, ки мехоҳад унвони илмие дошта бошад ва бо кадом роҳе барои худ рисола пайдо мекунад. Одами боинсоф онро худаш менависад, қаллоб мехарад. Аксари вақт ҳақи “хидмат”-и рисоланавис ва “хидмат”-и шӯрои дессертатсионӣ якҷоя ҳисоб мешаванд. Нафаре, ки рисоларо омода мекунад, на танҳо матни онро тайёр мекунад, балки дар ҳимояаш ҳам кӯмак мекунад. Худаш бо шӯрои дессертатсионӣ маслиҳат мекунад.
Диссернет гурӯҳи калоне иборат аз фаъолон, уламо ва рӯзноманигорон аст, ки чӣ гуна фаъолият кардани индустрияи диссертатсиониро таҳқиқ мекунад. Мо хеле хуб медонем, ки дар хеле аз донишгоҳҳо, чӣ дар Русия ва чӣ дар кишварҳои дигар шӯроҳои дессертатсионӣ ва комиссияҳои қабуле барои рисоланависон вуҷуд доранд, ки роҳат пул мегиранд ва ба ҳар гуна қаллобон кӯмак мекунанд.
Паём: Аммо номаи намояндаи Комиссияи олии академики (КОА)-и Русия ба президенти АИ Тоҷикистон бармеояд, ки ширкати худи КОА дар индустрияи диссертатсионӣ камтар аз дигарон нест…
С.П. Албатта, ин кор аслан имкон намедошт, агар нафароне, ки дар болотарин сатҳ нишастаанд, аз ҷумла ВАК дар фасод даст намедоштанд. Бояд қайд кард, ки дипломи номзади илм ё доктори илм дар болотарин сатҳи КОА омода мешавад, ки системаи пурра марказонидашуда аст.
Болотар аз КОА шӯрои коршиносон оид ба намуди илмҳо ҳаст. Ин мисли як мақоми арбитражӣ дар ягон намуди илм аст, ки ҳамаи равандҳои ҳимояи рисоларо дар он назорат мекунад. Тамоми ин системаи коррупсионӣ то болотарин сатҳ доман паҳн кардааст. Мо мехоҳем фикр кунем, ки нафарони дар боло нишаста ғайримасъулона ва ноодилона вазифаҳои худро анҷом медиҳанд.
Вале мутаассифона мо вазифадорем тахмин занем, ки сухан танҳо аз бепарвоӣ ва масъулиятношиносӣ на, аз фасод ҳам меравад. Ин одамон аз поён то боло дар силсилаи ҳимояи рисолаҳо ширкат мекунанд. Онҳо нафаронеро ҳимоя менамоянд, ки ба хотири пул ба инсонҳое, ки ҳеҷ муносибате бо илм надоранд, таҳқиқоте анҷом надодаанд, балки танҳо рисоладуздӣ кардаанд, унвонҳои илмӣ таҳия мекунанд.
Паём: Оё Шумо дар бораи қимати кори илмӣ маълумоте доред?
С.П. Индустрияи диссертатсионӣ мисли ҳар индустрияи дигар мураттаб шудааст. Дар он ҳам моли арзон, моли миёна, моли гарон ва моли люкс вуҷуд дорад. Ҳамааш ба имкониятҳои харидор вобастагӣ дорад. Вале фарқи санъати диссертатсионӣ аз саноъеи дигар дар он аст, ки вақте масалан шумо Мерседес харидед, бароятон маълум аст, ки Мерседес харидаед ва ба ҷояш наметавонанд Жигулиро гузаронанд. Вале бо рисола ин кор тақрибан ғайриимкон аст.
Ба харидор мегӯянд, ки рисоларо махсус барои шумо менависем ва он ба тамоми талабот ҷавобгӯ мешавад. Дар асл “бизнесменҳо” рисолаи аллакай ҳимояшудаи нафари дигарро мегиранд, муқоваашро иваз мекунанд, номи муаллифро тағйир медиҳанд ва корашон бо ҳамин тамом мешавад. Фармоишгар аксари вақт дар тафтиши рисола пофишорӣ намекунад, то бифаҳмад, ки барояш чӣ таҳия кардаанд.
Дар умум диапазони нархҳо хеле бузург аст. Арзонтаринашон 10-15 ҳазор доллар меистанд. Гаронҳояш метавонад 10 баробар бештар арзиш дошта бошад. Рисола, ки дар ҷои холӣ пайдо намешавад. Дар он бояд интишороти илмии рисоланавис, ки солҳои қабл навишта шудаанд, қайд шаванд. Мешавад тақаллуб кард ва гуфт, ки фалон мақола дар фалон журнал нашр шудааст, ки дар асл вуҷуд надорад. Мешавад бо маблағи бузург ва сатҳи олӣ анҷом дод — мақоларо бо номи шумо дар ҷои лозимӣ нашр кард. Агар рисолаи докторӣ мехаред, бароятон китоб ҳам навишта, чоп мекунанд. Одамони сарватманд ба худ иҷозаи харидории хидматрасонии люксро медиҳанд — нашри китоб, мақолаҳои илмӣ ва танҳо дар охир — рисола.
Паём: Яъне як кори илмӣ метавонад 100 000 доллар нарх дошта бошад?
С.П. Фикр мекунам, бале. Аз харидор вобастагӣ дорад.
Паём: Чаро Диссернет маҳз ба олимони тоҷик пардохт?
С.П. Барои он, ки дар системаи тақаллуби рисолаҳои мо — русиягӣ ширкат карданд. Диссернет аз паи кадом як қаллоби алоҳида нест. Мо дар паи он ҳастем бидонем, ки ин индустрия чӣ гуна мураттаб шудааст, шӯроҳои дессертатсионӣ чӣ хел сохта шудаанд, чӣ қадар рисола мефурӯшанд, кӣ онҳоро ҳимоя мекунад, чӣ ваъдаҳое онҳо медиҳанд. Фикр мекунам, сабаби ба доми мо афтидани ҳамватанони шумо, истифода аз хидмати он шӯроҳои диссертатсионӣ ва донишогоҳҳое буд, ки зери назорати дақиқи мо қарор доштанд, онҳо бо тақаллубкориҳояшон машҳуранд. Дар сомонаи мо шумо метавонед бо донишгоҳҳое шинос шавед, ки бештар аз ҳама қаллобӣ кардаанд ва ба қаллобони дигар рисола мефурӯшанд (). Рафиқони тоҷики мо ба ин муассисаҳои ифлос роҳ ёфтаанд ва дар рӯйхати мо дохил мегарданд.
Паём: Дар Тоҷикистон шуморо бо он муттаҳам мекунанд, ки супориши кадом ашхос ва ниҳодеро иҷро мекунед…
С.П. Ин ҳарфҳоест, ки мо ҳамеша мешунавем. Инсоне, ки мо фош ва шармандааш мекунем, дер ё зуд хоҳад гуфт, ки “ин кор беҳуда нест, ба онҳо касе пул медиҳад, касе супориш додааст”. Ҳамеша чунин аст ва мо ба ин одат кардаем.
Паём: Оё касе ба шумо бо пешниҳоде муроҷиъат кардааст, то ӯро фош накунед?
С.П. Интизор меравад, ки ба мо бо додгоҳ таҳдид хоҳанд кард, вале бояд бигӯям, ки то имрӯз мо ҳеҷ додгоҳеро набохтаем. Ба ҳеҷ кас муяссар нашудааст моро маҷбур созад ё бихарад, то нашрамонро қатъ кунем. Ягона роҳи наҷот ёфтан аз фошкории мо — ихтиёран даст кашидан аз унвони илмӣ аст. Ин имконе аст, ки мо ба нафароне, ки фош кардаем, медиҳем. Мо мегӯем, ихтиёран ариза нависед, ки шумо дигар доктори илмҳо ё номзад нестед ва хоҳиш мекунед, ки унвони шумо бекор карда шавад. Мо дар навбати худ мақоларо аз сомонаамон мебардорем. Даҳҳо чунин ҳолат дар мо ба қайд гирифта шуд. Шояд касе аз тоҷикони шумо ҳам дер ё зуд ба чунин қарор ояд. Вале кӯшиши тарсонидану харидани мо беҳуда аст. Гап дар он аст, ки Диссернет як фаъолияти ҷамъӣ аст, як ҳаракат аст, ки садҳо нафарро дарбар гирифтааст. Як нафари муайян нест, ки ба ӯ фишор овардан ё хариданаш имкон дошта бошад.
Паём: Минбаъд мо аз Диссернет чиро мунтазир шавем?
С.П. Гап дар он аст, нафароне, ки рисоларо мехаранд ва онро бо муваффақият “ҳимоя мекунанд” нишонии фурӯшандаро ба дигарон медиҳанд. Мисли нишонии духтури хуби дандон зуд паҳн мешавад — арзон ва босифат. Дар индустрияи диссертатсионӣ ҳам ин беморӣ паҳн мешавад. Агар мо гурӯҳе аз мақомдорони тоҷикро пайдо кардаем, ҳатман боз пайдо хоҳем кард. Аз он сабаб, ки мо дар инҷо таҳқиқот мегузаронем, бо гумони ғолиб боз хеле зиёд хоҳем ёфт. Чун як нишонӣ аз даст ба даст гузаштааст ва як нафар ё “фирма” ба ҳама кӯмак кардааст. Чун мо “кони тоҷикҳоро” пайдо кардаем, ҳатман аз ин кон “нуриҳо”-и зиёде берун хоҳем кашид. Диссернетро ҳар рӯз хонед. Ҳар рӯз дар мо таҳлилҳо, таҳқиқҳо ва коркардҳои нав пайдо мешавад. Бовар кунед, мо маводи хеле зиёде дорем, ва мавзӯъи тоҷикӣ ҳам идома хоҳад кард.
Паём: Чаро КОА-и Русия ҳамкорӣ намекунад?
С.П. Чаро, КОА ҳамкорӣ мекунад. Гап дар он аст, ки қисми муҳими фаъолияти Диссернет омодасозии изҳороти расмӣ оиди лағвсозии унвони илмӣ аст. Вале мутаассифона дар Русия як нормаи нохушоянди қонунгузорӣ вуҷуд дорад — рисолаҳо мӯҳлати замонӣ доранд. Бо гузашти 10 сол имкон надорад лағвгардонии рисола талаб карда шавад, ҳатто агар собит гардидааст, ки он пурра рӯйбардор шудааст. Қаблан мӯҳлати рисолаҳо 3 сол буд. Ин ғайриодилона аст, мӯҳлати замонӣ набояд вуҷуд дошта бошад. Ҳуҷҷати қалбакиеро, ки 10 сол умр дорад ба эътибор ку намегирем? Вале вақте мо рисолаеро пайдо кардем, ки мӯҳлаташ нагузаштааст, рисолаи харидашуда ё дуздидашуда аст, пас мутахассисони мо изҳороти расмӣ оиди лағвкунии унвони илмӣ таҳия мекунанд. Мо даҳҳо намуна дорем, ки баъди изҳороти мо дипломи номзад лағв карда шуд.
Аз тарафи дигар мансабдорон мегӯянд ки на, лозим нест, мо ҳамаи инро медонем, мо инро идора мекунем, онҳо кӣ ҳастанд, кӣ ба онҳо чунин ҳуқуқ додааст? Дар зоҳир КОА чунин мегӯяд, вале мо медонем, ки онҳо сомонаи моро мехонанд, шикоятҳоро баррасӣ мекунанд, қарорҳоеро қабул мекунанд, ки мо аз онҳо талаб мекунем. Ин шакли ҳамкорӣ моро қонеъ мекунад.
Паём: Ман ҳатто аз тасаввури ин ки алъон дар Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон чӣ мегузарад, ба даҳшат омадам…
С.П. Хеле муҳим аст, ки дар Тоҷикистон Диссернети худаш пайдо шавад. Ин муассиртар ва саҳеҳтар мебуд. Фикр мекунам рисолаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки забонашон русӣ нест ва мо мутаассифона бо онҳо кор карда наметавонем. Мо танҳо бо ҳамон рисолаҳое метавонем кор кунем, ки бо забони русӣ навишта шуда, дар шӯроҳои диссертатсионии Русия ҳимоя гардидаанд. Ин корро танҳо мардуми худи Тоҷикистон, ки тоҷикӣ ҳарф мезананд ва медонанд, ки системаи омӯзиш чӣ гуна мураттаб шудааст, карда метавонанд. Бинобар ин агар дар Тоҷикистон як Диссернети кӯчаки миллӣ пайдо мешуд, хеле олӣ мебуд. Мо аз ҳамкорӣ бо чунин инсонҳо, омӯзиш додани онҳо, додани асбобҳое, ки худамон аз он истифода мекунем, додани маслиҳат ба онҳо хушҳол хоҳем буд. Вале ҳатман инро касе бояд оғоз кунад.
Маълумоти Паём: Дар Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон нархи як рисолаи номзадӣ 5000 доллар аст. Бо назардошти бӯҳрони иқтисодӣ ин нарх ҳоло то 3500 доллар поин оварда шудааст.