1.То фалокати таркиш дар шаҳри Чернобил саршумори аҳоли 13 ҳазор нафар буд. Ҳоло ҳамагӣ 1500 нафар зиндагӣ мекунанд. Номи ин шаҳр аз номи растании Чернобилка баромадааства 800 сол қабл ташкил ёфтааст. 70 фоизи шаҳрвандонаш яҳудиҳо буданд. Баъди таркиш дар стансияи атомии Чернобил як ҷангали бузург ба заҳролудтарин мавзеи дунё аз нури радиасионӣ табдил ёфт, ки баъдтар номаш ҷангали зард шуд. Чунки баргу шоху ҳатто хорҳои дарахтон батамом зард шуданд. Заҳри радиасионие, ки аз таркиши стансияи атомӣ ба вуҷуд омад, баробари зарари 500 бомбаи атомӣ аст. Баъди таркиш сӯхтори бавуҷудомадаро ду ҳафта хомӯш карда натавониста буданд. Мардумро баъди ним рӯз аз фалокати таркиш огоҳ карданд. 50 ҳазор километри мурабба замини аз радиасия зарардида, то ҳоло барои зиндагӣ муносиб нест. Баъди як моҳи ҳодиса аҳолии шаҳрро тарк карда боз ба манзиҳояшон баргаштанд. Аммо хешу таборашон қариб 20 сол ба аёдат ин ҷо омада натавонистанд, чунки манъ шуда буд. Ҳамагӣ зарардидагони нури радиоактивӣ 8, 5 миллион нафар буданд. Барои бартараф кардани зараҳои ба атроф расида, ҳукумати шӯравӣ 600 ҳазор нафарро сафарбар карда буд. Ба маблағи 235 миллиард доллар маблағ барои бартарафкунӣ сарф шуд.,
2.Бум дар табиат парандаест, ки тамоман бесадо мепарад ва ин одаташ барои шикори шабонаи парранда ёрии хубест. Бум сарашро то ба кунҷи 270 дараҷа тоб дода метавонад. Чашмаш бошад, тамоман намеҷунбад. Баъзе бумҳо буми навъи дигарро шикор мекунанд. Бумҳо рӯзона хоб мекунанд ва шабона шикор. Чашми ин парранда шабона беҳтар мебинад ва наздики худашро дида наметавонад, балки дурбин аст.
3.Ситораҳои осмон, ки дарназари мо ҳамагӣ сафед менамоянд, сурху кабуду зард ҳам мешаванд. Дар каҳкашон аз ҳамабисёр ситораи сурх аст. Ситораҳои сурз зиёда аз 10 триллион сол умр доранд. Аз ҳама ситораҳои сард ситораҳои сурх мебошанд, аз ҳама гармаш ситораҳои кабуд. Ситорае, ки VY Саги Калон ном пирифтааст, аз офтоб 1800 маротиба калонтар аст. Агар сайёраи меркурий ба атрофи ин ситора давр мезад, кайҳо об шуда тамом мешуд.
4.Агар замин ба даври офтоб давр занад 365 рӯз мегузарад, аммо агар офтоб ба даври галлактика давр занад, як миллион сол лозим аст. Аз офтоб баромада то ба замин омадани нур 8 дақиқа вақт мегузарад. Рӯҳониёни кишвари Ватикан танҳо соли 1992 расман бовар карданд, ки замин дар атрофи офтоб давр мезанад.
5.Дар як худи каҳкашони мо ҳар сол то 40 ситораи нав пайдо мешавад. Одамоне, ки дар вақти хоб хуррок мекашанд, дар кайҳон хуррок намекашидаанд. Сабаб бевазнӣ дар кайҳон будааст.
6.Дар як шабонарӯз то 200 ҳазор шиҳобпора бакурраи замин меафтад, аммо бештари ин шумора ҳанӯз дар атмосфера сӯхта пароканда мешавад.