11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Буҷет: нақшае, ки бо ғорати соҳибкорон барзиёд иҷро шуд

24 январ дар Душанбе таҳти раёсати раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур. Дар маҷлис ҳамаи идораҳо, вазоратҳо ва дигар ниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳукумат иштирок карданд.  

Гуфта мешавад дар маҷлиси мазкур ҳамаи вазирон, раисони вилоятҳо, додситони кулл, сардори агентии мубориза бо коррупсия, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ, раиси кумитаи андоз, раиси кумитаи гумрук, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси «Амонатбонк», раиси шаҳри Душанбе ва дигарон дар мавриди фаъолияти худ ҳисобот доданд.

Ҳоҷат ба гуфтан нест, ки аксарият, агар ҳамааш набошад, маълумоту омори пешниҳодшуда аз тарафи мақомдорон саросар дурӯғу лофзанӣ, зиёданависиву тақаллубкорӣ буд. Таҳлили амиқи ин маҷлис хеле тӯл мекашад, зеро дар маҷлис чанд ниҳодҳои давлатӣ ҳисоботи худро пешниҳод кардаанд. Сухани ҳар як вазиру раис бо воқеият ва омори ниҳодҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байнламиллалӣ муқоиса шавад, шояд китоби чансадсаҳифагие омода шавад. 

Вале ин ҷо хостем танҳо ба ду нуқтаи ҷолибтарини ин маҷлиси васеъ ва муҳимтарин мавзӯъҳое, ки ба ҳаёти мардуми тоҷик бештар рабт дорад, ишорае карда бошем.

  1. Буҷети давлатӣ

Буҷети давлатӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик нақши муҳимеро мебозад, зеро нисбати баланди аҳолии коршоям дар идораҳои буҷетӣ, хусусан соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомоти давлатӣ фаъолият мекунанд ва маошашон аз буҷет аст. Илова бар он, нафақаи нафақахӯрон, агарчи ҳаҷмаш хандаовар аст, низ аз буҷет таъмин мешавад.

Ба гуфти сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, “соли 2022 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 36,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”. 

Ба қавли хадамоти матбуотии раисҷумҳур “сарвазири мамлакат” (аз кай инҷониб Тоҷикистон расман “мамлакат” шудааст, маълум нест, зеро маънои он “шоҳигарӣ” аст) таъкид кардааст, ки “дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш таъмин карда шуд” ва зоҳиран, дар асоси гуфтаҳои сарвазир, сабаби асосии зиёд шудани қисми даромади умумии буҷети давлатӣ маҳз рушди ММД аст.

Дар мавриди таъмини буҷети соли 2023 “пешвои ғамхор”-и миллат ба вазорати молия, кумитаи андоз, хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш додааст, ки “ҷиҳати дарёфти захираҳои нави молиявӣ ва ҷалби пурраи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд”.

2. Андоз 

Яке аз сарчашмаҳои асосии буҷет андоз ба ҳисоб меравад. Сарвазири “мамлакат” оид ба зиёд шудани қисми даромади буҷет сухан кардааст, вале нагуфтааст, ки кумитаи андози ҷумҳурӣ бо кадом роҳҳо буҷети давлатиро пур мекунад. Як пурсиши Паём нишон дод, ки ин кумита бо истифода аз ҳар роҳи қонуниву ғайриқонунӣ кӯшиш мекунад андозро бештар ҳисоб кунад, баҳудаву беҳуда ҷарима бандад ва ё пешпардохт талаб кунад.

Соҳибкоре аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки нахост номашро зикр кунад, мушкилиҳои худро бо кумитаи андоз чунин шарҳ дод:

“Соле пеш хостам дар минтақаамон таҷҳизоти хурде барои истеҳсоли як навъи хишт ба роҳ монам. Дар кумитаи андози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аризаи маро қабул накарданд, зеро ман мехостам чун соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома фаъолият кунам. Вале мутахассиси кумитаи андоз маро маҷбур кард, ки ҶДММ (ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) ташкил кунам ва гуфт, фаъолияти ман аллакай дар банди “корхонаи истеҳсолӣ” ворид мешавад. Маро фиреб карда, гуфт ҶДММ бароям осонтар аст”.

Бояд қайд кард, ки соҳибкори инфиродӣ дар асоси “шаҳодатнома” фаъолият мукунад ва тавре дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, бояд “даромади умумии онҳо дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта аз 1 000 000 (як миллион) сомонӣ кам” бошад. Агар даромади умумии соҳибкор аз як миллион сомонӣ зиёд шавад, пас бояд ҶДММ ба қайд гирад. Фарқи дигари шаҳодатнома ва ҶДММ дар ҳаҷми андози пардохтшаванда аст. Соҳибкори инфиродӣ дар асоси низоми соддакардашуда андоз месупорад, ки ҳаҷми он 6 дарсад аз даромади умумиро ташкил медиҳад. ҶДММ бошад шахси ҳуқуқӣ баҳисоб рафта, дар асоси низоми умумии андозбандӣ фаъолият мекунанд ва бояд дигар намудҳои андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда (15 дарсад аз арзиши иловашуда) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (22 дарсад аз фоидаи соф) пардохт кунад. Яъне ҶДММ хеле бештар аз соҳибкори инфиродӣ андоз месупорад.

Маълум мешавад, ки корманди кумитаи андоз аризаи соҳибкорро барои гирифтани шаҳодатнома барои он қабул накардааст, ки маҷбур кунад соҳибкор бештар андоз пардохт намояд ва аз тарафи дигар, барои татбиқи “барномаи босуръати саноатикунонӣ” саҳмгузор бошад ва адади “корхонаҳои саноатӣ”-ро зиёд кунад. Албатта, ин тасмими худи мутахассиси кумитаи андоз нест, балки чунин фармон аз “боло” омадааст.

Соҳибкори дигаре аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар сӯҳбат ба Паём гуфт, ки соли 2018  мехост дар соҳаи воридоти автомобилҳои истифодашуда аз Аврупо фаъолият кунад ва барои ин кор ҶДММ кушода буд. Вале ҳоло фаъолияташро оғоз накарда маълум шуд, ки чунин тиҷорат фоидае надорад ва тасмим гирифтааст ҶДММ-ро бандад.

“Қариб ду сол остонаи кумитаи андози шаҳрро охурча кардам. Ҳамаи ин муддат мутахассисони кумитаи андоз маҷбур карданд, ки ба ду нафар, яъне раиси ширкат ва муҳосиб маош нависта, андоз аз даромади шахсони воқеӣ (17 дарсад) ва андози иҷтимоӣ (25 дарсад) пардохт кунам, дар ҳоле ки аслан кор намекардам. Ҳар ду-се моҳ ба кумита омада, ариза барои қатъи фаъолияти ҶДММ менавистам, мегуфтанд аризаатро ба Душанбе мефиристем, зеро чунин қарор танҳо бо фармони вазир мешавад. Вақте ин дафъа мерафтам, мегуфтанд, аризаат қабул нашудааст. Бардурӯғ ягон баҳонае мекарданд, ки ҳуҷҷате хато будааст ё камбудие доштааст”, — шикоят кард ин соҳибкор.

Ба гуфти ин соҳибкор, танҳо пас аз ду сол асабонияту пардохти даҳҳо ҳазор сомонӣ, бо душвориву шиносбозӣ тавонистааст ин ҶДММ-ро бандад. “Ҳол он ки ҶДММ-и ман аслан фаъолияте накарда буд, ягон автомобил ворид накарда будам. Даҳҳо соҳибкоронеро дар идораи кумитаи андоз дидам, мегуфтанд, ки аслан имконияти бастани ҶДММ-и каме ҳам бошад фаъолияткарда вуҷуд надорад, мардум солҳо ариза мекунанд, вале ҳамеша ҷавоби рад меояд. Ҳамаи ин муддат бояд андоз супоранд”, — гуфт ин манбаъ.

Яъне буҷети давлатӣ бо чунин роҳҳои фиребу қаллобӣ пур карда мешавад. 

Дар ҳамин ҳол, дар маҷлиси ҳукумат раиси кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода таъкид кардааст, ки “дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти нави қонунгузории андоз” ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2022 “аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 594,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.

Ба гуфти раиси кумитаи андоз, “иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла ВМКБ ба андозаи 107,7 фоиз, вилояти Хатлон 102,8 фоиз, вилояти Суғд 105,4 фоиз, шаҳри Душанбе 100,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,4 фоиз таъмин карда шуд”.

Нусратулло Давлатзода нагуфт, ки бо кадом роҳи фиребу тақаллуб ва зӯриву зулму ситам нақшаи андозро барзиёд иҷро кардааст. Вале як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат ба Паём гуфт, кормандони кумитаи андози шаҳр мағозаи озуқаворияшро бо баҳонаи ночизе 70 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. “Мағозаи ман камтар аз 100 метри квадратӣ аст ва дар канори шаҳр ҷойгир аст. Фоидаи солонаи ман шояд 70 ҳазор сомонӣ нашавад. Ман ин маблағро чӣ гуна бояд пардохт намоям? Фикр мекунам, ҳамаро партояму ба муҳоҷират равам. Ақаллан дар он ҷо аз дасти кормандони мақомоти андоз халос мешудагистам”, — бо фиғон гуфт соҳибкор.

Ба гуфти ӯ, қариб ҳар сол охири сол кумитаи андоз аксарияти соҳибкоронро чунин ҷаримаҳои ҳангуфт мебанданд, зеро нақшаи андоз иҷро намешавад ва иҷро нашудани он боиси аз вазифа холӣ шудани ҳам раиси кумитаи андоз ва ҳам раисони шаҳрҳову ноҳияҳо мешавад. Барои ҳамин ҳам мақомоти андоз чунин услубҳои разилонаро истифода мебаранд, то нақшаро бо ҳар роҳе бошад, иҷро кунанд. 

Як услуби дигари иҷрои нақшаи андоз қабули пешпардохт аст. Яке аз соҳибкороне, ки дар яке аз бозорҳои вилояти Суғд дӯкон дорад, ба Паём гуфт, ки ҳар сол моҳи ноябр ва хусусан моҳи декабр кормандони кумитаи андоз хоҳишу илтиҷо, ва агар ин услуб кор надиҳад, таҳдиду зӯрӣ мекунанд, ки барои соли оянда андозро пешпардохт намоем. “Одатан талаб мекунанд, ки барои шаш моҳ пешпардохт кунем. Баъзан то тавонистан, масалан се-чор ҳазор сомонӣ пардохт мекунем”, — гуфт ин манбаъ.

Ба қавли хадамоти матбуотӣ, дар ин бора “пешво” вазорати молия ва кумитаи андозро вазифадор кардаст, ки “якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2023 таъмин намоянд”.

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Раҳмон “ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва бартарафсозии қарзҳои андоз дастуру супоришҳои қатъӣ” додааст. 

Ҳамзамон, бузургтарин ширкатҳои кишвар, ки аксарияти соҳаҳои иқтисодиёти кишварро монополӣ кардаанд ва аз қазо ба аъзои оилаи “пешво” мутааллиқанд, ҳар сол аз пардохти боҷҳои давлатӣ ва андозҳо озод карда мешаванд. Ҳатто он ширкатҳое, ки аз андозҳо озод нашудаанд, ягон дирам андоз намесупоранд. 

Вакилони парлумон бошанд, агарчи аслан вазифаи ҷониашон ҳимояти манфиатҳои интихобкунандагон, яъне мардум аст, бо як овоз ва “якдилона” чунин қарорҳоро қабул мекунанд ва Оилаи сарватмандро боз ҳам  сарватмандтар мекунанду мардуми қашшоқро боз ҳам қашшоқтар.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *